Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Дилум ҷуғзу дилум ҷуғзу дилум ҷуғз,
Қумочи тайаловӣ, руғани буз.
Дилум дову дилум дову дилум дов,
Қумочи тайаловӣ, руғани гов.
Эй Нодирамо, дар Бадахшон худути,
Бо лаб-лаби ҷу дарахти марҷон худути.
Мардум гули сурха дар баҳор мечинанд,
Садбарги шукуфтаи зимистон худути.
Сари кӯҳи баланд фарёд кардум,
Амиралмуъмининро ёд кардум.
Амиралмуъминин, ё Шоҳи Мардон,
Дили ношоди моро шод гардон.
Сари кӯҳи баланд буд хонаи ман,
Фалак тире задаст бар шонаи ман.
Фалак тире задаст пайкон надорад,
Ба ҳасрат пур шудаст паймонаи ман.
Ин бачеки хуртекуки барги гулукум,
Меҳри ту навиштаӣ даруни дилукум.
Фардо, ки шавад хоки сиёҳ манзилукум,
Кирм(ҳ)о биканан(д) меҳри тура ай дилукум.
Рафти-рафтӣ яке бигардон ру(й)та,
Бо тахтаи пешонӣ, хами абру(й)та.
Гар боди сабо ба ман биёрад бу(й)та,
Бу(й)та чи кунум, ки сер надидум ру(й)та.
Му қади тура зи дур медонистум,
Савганди тура дуруғ медонистум.
Хешони ватан вафо накардан(д) бар мо,
Ин воқеара зи дур медонистум.
Обут додум пиёла монд дар дастум,
Нодон будум, ба ту муҳаббат бастум.
Гар медонистум, ки туӣ каммеҳру вафо,
Аз рӯзи аввал меҳри хунук мебастум.
Эй чархи фалак, мисли мани зор шавӣ,
Мисли мани дилшикаста афгор шавӣ.
Тире, ки задӣ рост миёни ҷигарум,
Бар синаи худ бигир хабардор шавӣ.
Эй дида, чаро баҳори пурнам шудаӣ?
Эй дил, ту чаро хазинаи ғам шудаӣ?
Эй сина, чаро гаштаӣ ту хаставу зор?
Эй қомати зебо, ту чаро хам шудаӣ?
Бачам рафтаст, му аз пасуш гиря кунум,
Ру пас манигар, ки куртама пора кунум.
Му пора кунум арири навдухтаро,
Мардум донад, ҳоли дили сӯхтаро.
Гирум қаламу хати калон бинвесум,
Зарчубаи зарди заъфарон бинвесум.
Ёрону бародарон ҳама дар ватананд,
Аз беватанӣ барги хазон бинвесум.
Намак шур аст, ба захми тоза нандоз,
Маро куштӣ, ба шаҳр овоза нандоз.
Маро куштӣ ба дасти худ кафан кун,
Ба дасти мардуми бегона нандоз.
Кабутари сарсафеди гардан гули нор,
Шаб қатраи боронему рӯз абри баҳор.
Мо чораи омадан надорем имсол,
Аз мо хати бандагӣ, дуои бисёр.
Дар боғи висоли ту нишастему гузашт,
Пурғамза камони нав харидему гузашт.
Хоҳӣ ба яке шиниву хоҳӣ ба ҳазор,
Ишқат намаке буду чашидему гузашт.
Дарё, ки калон шавад, шинояш кӣ кунад?
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш кӣ кунад?
Ду дил, ки яке шавад, ҷудоӣ мушкил,
Ҷоне, ки ба лаб расад, давояш кӣ кунад?
Дари хонекмон ниҳол шинондем, нагирифт,
Чанде, ки ба ноз парваридем, нагирифт.
Шондем ниҳолу парваридем ба умед,
Дари хонекмон ниҳоли бедона гирифт.
Озодаҷавон аз ин ҷаҳон баҳра набурд,
Дар айни ҷавониҳо биафтоду бимурд.
Ҷуе кардаст, ки як даме об хурад,
Об омада ҷуи кардаша пок бибурд.
Гул дидуму гул дидуму гулҳо дидум,
Дар боғи худум панҷ гули раъно дидум.
Дар боғи худум гулҳо шукуфтан чапу рост,
Охир чӣ кунум, ки худма танҳо дидум.
О, бачаи ҷон, мар-марут мебинум,
Печида ба шохи ҷигарут мебинум.
Ҷону дилукма фидои ҷонут кардум,
Номард будӣ ба ҳар дарут мебинум.
Му байда намедонум рубоӣ созум,
Дард(ҳ)ои тура чигуна дармон созум.
Дард(ҳ)ои тура ба нуги най бинвозум,
Най бишканаду хаста шавад овозум.
Дарёи калону марди доно аҷаб аст,
Шондем гулу хор гирифтан аҷаб аст.
Булбул ба қафас, қафас даруни оташ,
Булбул сузад, қафас насузад аҷаб аст.
Эй моҳи баланд, баланд бароӣ чӣ шавад?
Эй хирмани гул, зи дар дароӣ чӣ шавад?
Монандаи моҳи нав бубинум рута,
Ҳар ҷо биравӣ, зуд биёӣ чӣ шавад?
Рафтум зи ватан бо дили садпора, дареғ,
Кардум сафаре, ки роҳи садсола, дареғ.
Ага(р) намурум, ба хонекут боз оюм,
Ага(р) бумурум, бигӯ ки бечора дареғ.
Бишкаст садафи ҷало-ҷали пурнозум,
Аз даст бирафт қарчиғаи шаҳбозум.
Гуфтум ба даруни дил рубоӣ созум,
Аз (ҳ)асрату ғам намерасад овозум.
Лаъли Яманум, гӯшаи Баршор ватанум,
Оё кӣ кунад гуру кӣ дузад кафанум.
Тобути мура сари баландӣ бубаред,
Шояд бирасад бӯи ватан бар баданум.
Навиштам андар ин коғаз ба хона,1
Бимонад аз мани мискин нишона.
Агар пурсанд, ки он мискин куҷо шуд,
Бигӯ бигрехт аз дасти замона.
1 Гӯянда: Ғоибназарова Лаълбегим (1943), зодаи деҳаи Баршор, сокини ш. Маскав. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, солҳои 2012-2014.
Эй булбули хушнаво дар ин саҳни чаман,
Гаҳ нолаи ту хуш бувад, гаҳ нолаи ман.
Ту нола зи гул куну ман нола зи ёр,
Не гул ба ту вафо карду не ёр ба ман.
(Ҳ)айфи умрум сарфи ёри бевафо кардум, чаро?
Хешро бо дарди ҳиҷрон мубтало кардум, чаро?
Дорӯи дарди муҳаббат ман наёфтум аз табиб,
Дарди дил бо тири мижгон бедаво кардум, чаро?
Хобам бурдаст таи чанори хафако,
Бедор шудум дилукма бурданд бачако.
Кофарбачеко дилма ҳавоӣ карданд,
Сандуқи дилма пури рубоӣ карданд.
Мо кавгонему эчаи мо дар камар аст,
Мо мемурему модари мо бехабар аст.
Модарма бигӯ ҷомаи ғам пора кунад,
Шаб зери сараш монаду рӯз нола кунад.
Дуруза зи умри хештан ношодем,
Аз ҷаҳти фалак ҳамеша дар фарёдем.
Эй чархи фалак, чигуна чархе дорӣ,
Дарёи равандаему дар гирдобем.
Гандум шудаем, зард шудаем ҳамчу ба дашт,
Ҳайфи умрамон ба ғурбату хорӣ бигузашт.
Хешони ватан вафо накарданд бар мо,
Бар мо алами замона бисёр гузашт.
Як себаки сурхи дав-давон дорем мо,
Як ёр зи қишлоқи калон дорем мо.
Не хурдаки хурду не калони қади мо,
Доғи дили душманону чароғи дили мо.
Қади ту ниҳол аст, ниҳол аст, ниҳол,
Номи ту нигор аст, нигор аст, нигор.
Ман дар ҳаққи ту чигуна хизмат кардам,
Як бор нагуфтӣ, ки убол аст, убол аст, убол.
Сабза лаби ҷу, дилам гирифтори ту шуд,
Сар то қадамам моили рафтори ту шуд.
Айб аз мани бечораи дилсӯхта нашуд,
Айб аз тарафи душмани бадкори ту шуд.
Ситора баланду моҳ баланд аст имсол,
Аз феъли бадмон фалак ба ҷанг аст имсол.
Ҳар сол сари зулфи ёр болини ту буд,
Болини туи ғариб санг аст имсол.
Эй лолаи лолазор, мо ҳам рафтем,
Чашмони ту пурхумор мо ҳам рафтем.
Чашмони ту пурхумору ғамгин дили ёр,
Биншин ту дар ин диёр, мо ҳам рафтем.
Ин бачаи му гули суман буду бирафт,
Меҳруш ба даруни дилукум буду бирафт.
Меҳруш ба даруни дилукум кард ватан,
Як хонахароби беватан буду бирафт.
Ин абри сиёҳи осмон оҳи ман аст,
Зангори сиёҳ дар лабу дандони ман аст.
Садбарги сафед шукуфта дар боғи шумо,
Ин хори ҷафо ҳамеша дар пои ман аст.
Мунҷибачаи мири сари ангурам,
Хушгулбутаи хушбуваки хушбуям.
Мунҷибачама ақлу фаросат бошад,
Насиҳату ҷанҷолам чӣ ҳоҷат бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё