Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Рухсораи лаъли Юсуфита садқа,
Болои баланди муштарита садқа.
Чун дасти фитодагон гирифтӣ ба сахо,
Ҳарфу суханҳои булбулита садқа.
Дилгир ки шудум, гаҳе рубоӣ мегум,
Байду ғазала баҳри ҷудоӣ мегум.
Байду ғазал(ҳ)ом бо ту расанд ё нарасанд,
Байдора барои ёдгорӣ мегум.
Дар Қундузу Толиқон дили ғамгинум,
Шаб(ҳ)ои дароз ду пои дар занҷирум.
Эй бор Худо, ки бишканад занҷирум,
То рӯз шавад, худма да(р) Ғорон бинум.
Эй бод биё, бод биё борон кун,
Селоба биёву Кобула вайрон кун.
Нимукша бикуш, нимукша нимҷон кун,
Ними дига(р)ша рӯ тарафи Ғорон кун.
Ҳамчу Маҷнун дар биёбон нолаҳо кардам, нашуд,
Васфи рӯи он париро ҳар куҷо кардам, нашуд.
Ранги зарди ошиқону чеҳраи гулгуни ёр,
Ҳарду ораз бо яке пайвандҳо кардам, нашуд.
Маҷнунаму Лайлира суроғ омадаям,
Парвонаяму гирди чароғ омадаям.
Ман булбуламу назар надорам ба чаман,
Бо бӯи бунафша сайри боғ омадаям.
Ишқ омаду хайма зад ба саҳрои дилам,
Занҷири ҷафо фиканда бар пои дилам.
Эй ишқ ба фарёди дили мо бирасӣ,
Эй вой дилам, вой дилам, вой дилам.
Дар дашт будум савори тозон омад,
Овози лаҷоми Шоҳи мардон омад.
Руяш зи Муҳаммад асту меҳраш зи Алӣ,
Аз қаъри фалак тахти Сулаймон омад.
Аз шуълаи оразат пурнур гардид кӯҳсор,
Аз қудуми неки ту душман бигардид шармсор.
Аз хаёли хоми худ теғе ба кӯҳсорон кашид,
Шуд ба хок яксон тири он палиди нобакор.
Ёрону бародарон маро ёд кунед,
Шотуи маро зи чуби шамшод кунед.
Бо гул гиреду ба чаман бод кунед,
Бо хоки сиёҳ монеду фарёд кунед.
Эй лолаи саркӯҳҳо, чаро зард шудӣ?
Ё дил ба касе додаӣ, ё сард шудӣ?
Не дил ба касе додаму не сард шудум,
Ғамҳои туро хурдаму рангзард шудум.
Зи аввал бевафо будӣ, гули ман.
Ту матлабошно будӣ, гули ман.
Туро рӯзи аввал санҷида будам,
Ту савдогарнамо будӣ, гули ман.
Ошиқӣ накун, ки ошиқӣ бадбахт аст,
Ошиқ ба мисоли ҷомаи наврахт аст.
Ошиқ, ки шудӣ, мегуӣ дунё ба ман аст,
Гоҳе бинию гоҳе набинӣ сахт аст.
Ман тарки ишқбозию соғар намекунум,
Сад бор туба кардаму дигар намекунум.
Боғи биҳишту сояи ону ҳавои ҳур,
Бо хоки пои дӯст баробар намекунум.
Оина ба дасти рост мегирум ман,
Ёр аз тарафи Шуғнон мегирум ман.
Шуғнонӣ бало, бачаи шуғнонӣ бало,
Ҳаргиз накунад бачаи шуғнонӣ вафо.
Орум бо ту, ҳазор орум бо ту,
Шоҳдухтар шавӣ, назар надорум бо ту.
Сабза шавию хок шавӣ дар саҳро,
Абре шаваму қатра наборум бо ту.
Онон, ки шароб мехуранд, мегузарад,
Онон, ки кабоб мехуранд, мегузарад.
Онон, ки ба нони ҷав қаноат карданд,
Тар карда ба об мехуранд, мегузарад.
Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,
Некию бадӣ ба дасти зебо бигузашт.
Султони ситамгарӣ, ситам бар мо кард,
Бар гардани ӯ бимонду аз мо бигузашт.
Хобе дидум, чи хоби хуррам дидум,
Худро ба канори ёри ҳамдам дидум.
Бедор шудум, ки ёр дар бистар нест,
Оё чӣ кунум, ки хоба аз ғам дидум?
Маҳтобшаб асту ман ба саҳро ҳар шаб,
Фарёди дилум ба мавҷи дарё ҳар шаб.
Фарёди дилум ба мавҷи дарё нарасид,
Болини сарум зи санги хоро ҳар шаб.
Маҳтобшаб асту ман паси хонаи ту,
Печида шуда муи ман бар шонаи ту.
Печида нашуд муи ман бар шонаи ту,
Барканда шуда пои ман аз хонаи ту.
Маҳтобшаб асту ман ба хоби мастум,
Як лоларухе гирифта банди дастум.
Эй субҳ, мадам, ки ман ба ин гул мастум,
То субҳ дамиду гул парид аз дастум.
Рӯзе гузарам фитод ба куи Ҷайҳун,
Дидам Лайлӣ нишаста доман пури хун.
Гуфтум, Лайлӣ, туро ба ин ҳол кӣ кард?
Гуфто, ки бинолам аз фироқи Маҷнун.
Ин бачаи му раҳгузаре буду бирафт,
Аҳволи дили мура напурсиду бирафт.
Аҳволи дилум аломати беморӣ,
Бар реши дилум намак бипошиду бирафт.
Ин гул, ки ба дастори ту бозӣ дорад,
Хонекум ба рафтори ту шодӣ дорад.
Метарсум аз ин хона, ки ҷоду дорад,
Абрӯи каҷут ба мижа бозӣ дорад.
Му қади тура ба қади гандум бинум,
Румоли тура ба дасти мардум бинум.
Румоли тура гируму дилма бандум,
Румоли тура ба хуни дил ранг бинум.
Як ёр дар ин диёр дорум аҷаб аст,
Сад кас ба харидории ӯ дар талаб аст.
Аз қозиву муфтӣ ҳисоб кардум саду бист,
Аз ҷумла харидори замон ҷон ба лаб аст.
Булбул ба чаман ҳамешагӣ бедор аст,
Аз беватанӣ рангу рухи мо зор аст.
Мардум меган, да(р) дилуктон чиз аламуст,
Доғ(ҳ)ои ҷудоги(ҳ)о гирдоби ғамуст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё