Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Сарв мехост, ки пеши қади ту сар биниҳад, Дод барбод сару ин ҳавас аз сар биниҳод.
Камол, чунон ки ишора шуд, маъшуқи худро аз тамоми қиёсҳо боло медонад. Дар назари ў маъшуқро на танҳо бо моҳ, балки бо офтоб низ муқоиса кардан раво нест, зеро «офтоб аз ў ҳусн медуздад» дар ҳоле ки дар қиёс бо офтоби рўи ёр аз зарра беш нест:
Зи моҳтоби ҷамолат зи моҳ тоб равад, Чӣ ҷои моҳ, сухан ҳам аз офтоб равад.
Офтоб аз ту ҳусн медуздад,
Субҳ з-ин рў чароғро куштааст.
Бо рухи он маҳ ба даъво гар барояд офтоб, Кай намояд зарра, ҳар ҷо рух намояд офтоб.
Нури офтобро, ки мехоҳад ба хона аз равзана ворид шавад, Камол бо нигоҳи комилан ғайриодӣ мебинаду шарҳ медиҳад. Аз назари ў гўиё офтоб аз дур рўи маъшуқро дидаву маҷзуб шудааст, бинобар ин, ҳарчанд ки аз дар биронанд, боз ҳам аз тиреза майли даромадан дорад:
Баъд аз он, к-он рўи равшан офтоб аз дур дид, Гар ба ў бандӣ дар, аз равзан дарояд офтоб.
Густохии офтобро дар монандӣ бо ёр фақат ба он хотир метавон бахшиду таҳаммул кард, ки ў аз гармӣ худситоӣ мекунад ва шояд таб дораду ҳазён мегўяд:
Офтоб ар гўядат ман бо ту мемонам, маранҷ, Худ ба худ гарм аст, худро меситояд офтоб.
Муҳимтарин хусусияти тарзи баёни Камол дар он аст, ки ў на маъшуқро ба сарву гул ё хуршеду моҳ, балки онҳоро ба маъшуқ монанд мекунад ва дар ин қиёс ҳамеша афзалияти дилбарро таъкид менамояд.
Ангуштнамой шудани моҳ, баландпоя намудани сарв, гармрў будани офтоб танҳо ба шарофати камтарин шабоҳаташон ба маъшуқ аст:
Ба рўи дўст монанд аст хуршед, Ба чашмам гарм аз он рў менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё