Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ин матлаб хоса дар фахрияҳои шоир, ки басомади зиёд доранд, зоҳир мешавад. «Нақши килки пурхаёл»-и худро бо лутфу равонии беназир ў дар пояе дидааст, ки каси дигареро ба он мартаба расидан муяссар нест:
Нақши Чин гарчи дилкаш аст, Камол,
Нақши килки ту пурхаёлтар аст.
Аҳсант, Камол, ин на ғазал, оби ҳаёт аст,
Имрўз бад-ин лутфу равонӣ сухани кист?
Кист, Камол, ин ки бо ту дар сухан омад,
Ҷинси суханҳои ту на ҳадди забон аст.
«Дар ҳадди забон набудан» ишора ба ғаробат ва ғайризаминӣ будани ҳарфҳост. Шоир иқрор шуда, ки суханони ў паёме аз осмонҳо ва навиде аз инояти бениҳояи Офаридгор аст, вагарна бидуни «лутфи илоҳӣ» ба заҳмати фикр наметавон чунин шеъри ноб гуфт:
Дар сухан лутфи илоҳӣ ба ту ёр аст, Камол
В-арна сад сол ба фикр ин суханон натвон ёфт.
Хоҷа Камол гоҳе худро бо суханвароне чун Саъдиву
Ҳофиз, Ҳасани Деҳлавиву Хусрави Деҳлавӣ, Имоди Фақеҳ
Камолиддини Исмоил қиёс мекунад ва ба ҷуз Мавлавиву Аттор, ки анфоси гармашонро дар шеъри хеш мояи ифтихор меҳисобад, касони дигарро ба ҳайси ҳарифоне мебинад, ки бо ў ҳаминон нестанд. Дар ин миён муҳимтарин шохисаи сабкии худро дар «маънии хос» таъкид мекунад:
Халқ гўянд: Аз сухан машҳури олам шуд Камол,
Маънии хос асту бас, к-ў шўҳрати олам диҳад.
Ва ҷои дигар мегўяд:
Ёфт шўҳрат, чу ҷамъ кард Камол,
Ғазалу маънии ғариб ба ҳам.
Пас саволе бармеояд, ки он «маънии хос» ё «маънии ғариб» дар чӣ зоҳир шуда? Посухи ин суолро дар муҳимтарин аносири шеър: тасвир, забон ва мусиқӣ бояд ҷуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё