Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пайнавишт:

  1. Аҳвол ва осору ашъори Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (бо шаш рисола аз вай). Таълифи д-р Муҳаммад Риёзӣ. Чопи дувум.–Исломобод: Маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон, 1991.
  2. Девони Ҳофиз. Бар асоси нусхаи Қазвинӣ ва Хонларӣ бо муқоисаи нусхаҳо ва шарҳҳои мўътабар ҳамроҳ бо шарҳу маънии комили ғазалҳо ва фарҳанги луғоту истилоҳот / Гирдоваранда Ҳусайналии Юсуфӣ.–Теҳрон, 1381.–С. 395.
  3. Девони Ҳофиз / Бо дебочаи Муҳаммад Гуландом. Ба кўшиши Беҳруз Имонӣ.–Теҳрон: Маркази нашри мероси мактуб, 1394.
  4. Мирсайид Алии Ҳамадонӣ. Шоҳи Ҳамадон.–Душанбе: Ирфон, 1995.
  5. Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ.–Исломобод: Граффити, 1997.
  6. Насриддин А. Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик. Қисми 1.–Хуҷанд, 2000.
    Соли 2015

АЗ СУХАН МАШҲУРИ ОЛАМ ШУД КАМОЛ

Шайх Камоли Хуҷандӣ аз машоҳири ғазалсароёни форсист, ки бо назокати сухан, қудрати тахайюл ва фасоҳати калом маъниву лафзро ҳусни нотакрор бахшидааст.
Ҷаҳони андешаҳои шоир мунаввар аз маонии рангини ирфонӣ буда, аз мағз-мағзи суханаш гармии нафаси Мавлавиву Атторро эҳсос мекунем. Вале ин ҳама ҷазаботу шўри ошиқонаву орифона Хоҷа Камолро аз воқеияти заминӣ барнакандааст ва далели чунин даъво ёде аз зиндагии иҷтимоӣ, ғурбату сафар, зикри ҳикматҳои рўзгор, маломати зоҳидони рўсияҳ ва рақибони беҳунар аст.
Хоҷа Камол бо он ки дар ғазалсароӣ ҳамсанги нобиғагоне чун Саъдиву Ҳофиз аст ва ашъораш ҷо-ҷо ҳамоҳангие бо сурудаҳои эшон дорад, вале боз ҳам намешавад ўро бо каси дигаре даромехт. Шоир як нафари соҳибсабк ва соҳибназарест, ки симои равшанаш бо шеваи баёни номукаррар аз паси абёти рангинаш мунъакис мегардад ва нуктаи мазкур, бешак, шарти аввал аст дар таъйини мақому манзалат ва ҷойгоҳи ў.
Чеҳраи шоири мо ба масобаи ошиқест худбохтаву ҷоннисор, закиву латифтабъ, олиҳиммату волоназар. Бо он ки дар баробари маъшуқ ў худро камтар аз саги кўву дарюзаи дар мехонад, зимнан ҷои тардид нест, ки шоир мақоми рўҳонии худро дар суханварӣ ба хубӣ шинохтааст.

пешина
аз 500
навбатӣ