Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳазрати Хоҷа Ҳофиз ҳамон рўз ин ғазалро иншо фармуданд» (4, 86).
Баъд аз нақли ин қисса, ки дар таълифоти дигарон низ шабеҳи он ба назар мерасад, муаллиф мақсудро баён мекунад:
«Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад» ва чун сарв се файз дидааст, бинобар ин, ҳазрати Хоҷа фармуданд, ки «Ин баҳс бо салосаи ғуссола меравад» (4, 86).
Зимнан муаллиф аз мавҷудияти ривоёти дигар низ огоҳ будааст, зеро баъди нақли қисса илова мекунад, ки айзан як ғуссола буд соҳиби се духтар: номи яке Сарву номи дувум Гулу номи савум Лола. Сипас дар рисола дар шарҳи ибораи «салосаи ғуссола» гуфта мешавад, ки «майи сесола»-ро «салосаи ғуссола» мегўянд ва ин матлаб бо истинод ва шоҳид аз байти дигари Хоҷа Ҳофиз исбот мешавад:
Майи сесолаву маҳбуби чаҳордаҳсола Ҳамин бас аст маро сўҳбати сағиру кабир.
«Ба эътибори он ки се пиёла май хўранд ва ё шаш ва он оби ангур аст, ки аввал пиёла бихўранд, ҳамчу сарви равон гарданд ва дар пиёлаи дувум ҳамчу гул бишкуфанд ва дар пиёлаи севум ҳамчу лола бигарданд. Ва муроди «салосаи ғуссола» – се карат маҷлуҷ пок кардан, ки ғуссолон мурдаро мешўянд аз лавс ва калимаи шаҳодат мегўянд, ончунон сесола ҳамешад, ки райбу ҳайат ва ҳастиро мешўянд ва мурод – се ҳол
– бачагиву ҷавонӣ ва пирӣ аст» (1, 87).
Қобили зикр аст, ки байти мазкур аз ҷониби шореҳони дигар низ тавзеҳ ёфтааст. Шайхи Озарӣ, ки аз аввалин шореҳони девони Ҳофиз эътироф шудааст, дар китоби «Ҷавоҳир-ул-асрор» аз ин байти Хоҷа маънии зерин истихроҷ намудааст: «Ҳофиз ба истилоҳи ҳукамо сифати нашъунамои табъ ва сифати баҳор мекунад», аммо тафсири Убайдуллоҳи Хешакии Чиштӣ низ хеле ҷолиб аст: «Ин байт аз ҷумлаи мушкилоти абёт аст. Маънои байт машҳур дар афвоҳ он аст, ки Султон Ғиёсиддин – подшоҳи Банголаро маразе сабъ рўй намуд ба ҳадде, ки аз ҷон навмед шуд. Се кас аз ҳарамсарои худ, ки номи яке Сарв буду номи дигар Гул ва номи севум Лола ба ғуссолагӣ васият кард. Иттифоқан аз он беморӣ сиҳҳат рўй намуд. Султон хидмати онҳоро эминӣ тасаввур намуда, илтифоте, ки аввалан дар бораи эшон дошт, аз он бештар мабзул гумошт, анбогони дигар аз оташи ғайрат месўхтанд ва ҳар якеро ба таъни ғуссолагӣ медўхтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё