Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

муродоти девони ҳазрати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ алайҳирраҳма
– нақл аст аз ҳазрати Амири Кабир Сайид Алии Ҳамадонии қуддусааллоҳу ас-сомӣ. Бидон, ки майхонаву буткада ва шаробхона ботини орифро гўянд, ки аз ҳақоиқу шавқи илоҳӣ бохабар бошад ва тарсо – марди рўҳонӣ, ки сифати замимаи нафси аммораи ў табдил ёфта бошад ба нафси лавомеъ ва муттасиф ба сифоти ҳамида бошад. Тарсобача илҳоми ғайбиро гўянд, ки аз олами ғайб дар дили солик фуруд ояд…» (4, 86).
Дар рисола алфози ирфоние, ки дар ашъори шуарои мутасаввиф, бахусус дар каломи Ҳофиз ба вофир ба кор рафтааст, аз ҷумла: буту шоҳид, дайру харобот, габру кофар, май, зуннор, калисо ва куништ, ёру маҳбубу дўст, ғамзаву бўса, лабу даҳон, қалошу қаландар, чашму абрў, масту шоҳид, хумору бодафурўш, маҳбуб, матлуб, моҳи сиём, ид, баҳор, майхона, шароб, қадаҳ, висол, фироқ, маъшуқ, ошиқ, гул, булбул, шабхезу саҳархон, толиб, дўш, об, сабо, рақиб, пири муғон ва муғбача ва ғайра шарҳ ёфтаанд.
Ба ғайр аз шарҳи вожаҳо, чунон ки гуфта шуд, дар рисола як байти Ҳофиз ба назар мерасад, ки он байт ин аст:
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад В-ин баҳс бо салосаи ғуссола меравад.
Зикр мешавад, ки «шарҳи ин байт тааллуқ ба қиссае дорад, ки рўзе подшоҳи Бангола барои тафарруҷ савор шуда буд ва дар хонаи вазир се духтар буданд, номи яке Сарву дувум Лола ва номи савум Гул буд. Хоҳарон барои дидани подшоҳ бар бом рафта буданд ва подшоҳро диданд ва ба назари подшоҳ ҳам афтоданд. Боз подшоҳ дар боғ омад ва маҷлис сохт ва вазирро соқӣ кард ва фармуд:
Соқӣ, ҳадиси Сарву Гулу Лола меравад…
Баъд аз он фармуд, ки мисраи ин кӣ бигўяд. Лекин гуфтан натавонист. Баъзе гуфтанд, ки шоире дар Шероз аст, агар касе пеши ў биравад, мисраи дувум бигўяд. Подшоҳ вазирро таъйин кард ва бисёр тўҳфа ба ҳазрати Ҳофиз фиристод ва баъд аз муддате вазир пеши Хоҷа расид ва тўҳфаҳоро пеши вай ниҳод. Ҳазрати Хоҷа Ҳофиз тўҳфаро ба фуқаро дод ва фармуд, ки барои чӣ кор омада. Вазири мазкур тамоми кайфият арз кард, ки як мисрае подшоҳ иншо фармуд ва дувум мисраъ гуфтан касе наметавонад.

пешина
аз 500
навбатӣ