Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ашъори Рўдакӣ низ алифи итлоқ касрат дорад: бехабаро, чандиниё, асаро, андаро, чодаро ва ғайра.
Шоирони аҳди Сомонӣ майл доштанд, ки мисраъ ва байтҳои худро бо «ва» сар кунанд. Намунаҳои ин навъи абъётро аз ашъори Рўдакӣ, Абўшакури Балхӣ, Абулаббоси Марвазӣ ва дигарон ба осонӣ метавон пайдо кард.
Аз хусусиятҳои дигари забонӣ истеъмоли «ӣ» дар охири феъл аст: пиндорӣ, нестӣ, наҷустӣ, поядӣ, шоядӣ, к-оядӣ, хоҳандӣ, хонандӣ ва амсоли ин.
Истифодаи фаровони андар, мар, мар-маро, ҳаме низ аз мухтассоти забонии ин давра ба шумор меояд.
Дар ашъори шуарои ин аҳд истеъмоли «кофи тасғир»
ба маънии хурд кардан ва навозиш низ маълум будааст. Дар ашъори Рўдакӣ, Робиа, Валволиҷӣ ва дигарон калимоте мисли миёнакаш, нозукак, зулфайнак, хандонак, меҳмонак, симдандонак, басдонак, нарм-нармак ба кор рафтаанд.
Истеъмоли вожаҳои паҳлавӣ: ва суғдӣ, батангон, сиёҳандагӣ, оҳу, зостар, дирафшанда, валғуна аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он замон ҳанўз баъзе калимаҳои қадими паҳлавӣ дар забони мардум роиҷ будааст.
Тахфифи калимот дар ашъори давраи мазкур зиёд ҷой дорад. Баъзан ҳарфе аз калима ҳазф мешавад. Чунонки дар шеъри Рўдакӣ «мадиш» ба ҷои «мадеҳаш», «диш» ба ҷои «диҳиаш», «андарун-т» – «андарунат», «акнун-т» – «акнун ту», «гесу-т» – «гесуи ту», «дирам-ш» – «дирамаш», «дил-ш» – «дилаш», «чӣ бвад» – «чӣ бувад», «оин-ш» – «оинаш», «Хуросон-ш» – «Хуросонаш».
Дар шеъри ин давра истифодаи калимаҳои арабӣ ба кор рафтаанд, аммо басомади он дар ашъори шуаро гуногун аст.
Масалан, дар ашъори баъзе шуаро луғоти арабӣ хеле зиёд, дар шеъри бархе масалан, Рўдакӣ ба ҳадди эътидол, дар ашъори гурўҳи севум, аҳёнан истифода шудааст. (Масалан, дар «Офариннома»-и Абўшакури Балхӣ калимаҳои арабӣ аслан мавҷуд нестанд).
Мухтассоти фикрии шеъри ин давра. Нахуст бояд зикр кард, ки дар ин давра шеъри сода ва бепироя расм буд.

пешина
аз 500
навбатӣ