Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Барои шоирони ин аҳд муҳим худи фикр буд, на ороиши он.
Ин нукта ба он маънӣ низ далолат мекунад, ки шеъри аҳди Сомониён бештар воқеъгароёна буд. Шуаро аз муҳити худ, дида ва шунидаҳояшон, аз воқеияти рўзгор, иҷтимоъ ва сиёсати замон бештар барои тасвирсозӣ замина меҷустанд, бинобар ин, ҳамаи маъниҳо наздик ба зеҳн буданд.
Рўҳияи умумии ин ашъор ҳамосӣ ва шодигароёна буд ва илали он, аз як тараф, некандешии мардум дар замони Сомониён, ва аз ҷониби дигар, вазъияти ороми сиёсӣ, бехатарӣ ва осудахотирии одамон буд. Ҳатто дар ашъори шикоятомез ва баёнгари талхиву ҷафои фалак дар маҷмўъ эҳсоси ғамовар аз он берун намеомад. Ин навъи ашъор маъмулан панде аз фалсафаи рўзгор медод ва дигарбора ёдрас менамуд, ки умр кўтоҳ аст ва онро бояд ғанимат шумурд ва шод бояд зист: «Шод зӣ бо сияҳчашмон шод» (Рўдакӣ), «Хушо набизи ғорачӣ бо дўстони якдила» (Шокири Бухороӣ), «Баҳори хуррам наздик омад аз дурӣ, ба шодкомӣ наздик шав, на мандурӣ» (Ҷуллоби Бухороӣ), «Бар Худои ҷаҳон таваккал кун, дор хурсанд дил, равон хушнуд» (Маънавии Бухороӣ).
Пояи фикрии аксари шеърҳои ин замон бар панду андарз ва ҳикмат устувор буд. Шуаро аз таҷрибаи рўзгори худ натиҷа бардошта, онро дар шакли манзум манзур мекарданд.
Бадеҳист, ки дар ин замон шеъри пандомўз (таълимӣ ё дидактикӣ) иштиҳори зиёд дошт, зеро шахси шоир дар замони Сомониён ба ҳайси ҳакими пурдидаву доно ба эҳтироми зиёд сазовор ва дар маҷолиси мутантану базмҳо ҳамнишину сўҳбаторои шоҳону аҳли дарбор буда, сурудаҳояш ба гўши ҷон пазируфта мешуд.
Зимнан ҷои таъкид аст, ки эрониён ҳамеша ба ҷамъ овардани ҳикмат майл доштанд ва, аз ин ҷиҳат, шеъри форсӣ бар назми арабӣ имтиёз дошт. Намунаҳои шеъри таълимӣ ва андарзиро аз ашъори аксари шуарои аҳди мазкур, аз ҷумла Рўдакиву Шаҳиди Балхӣ, Абўшакур, Абўтолиби Сарахсӣ, Туркӣ Киши Айлоқӣ, Абўзироа, Мунҷики Тирмизӣ ва дигарон метавон ба осонӣ пайдо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё