Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба қавли дигар, шеър дар ин давра ба роҳи асолати хеш ворид гардид.
Барои рушди адабиёти ин давра хидмати дудмони Сомониёни фарҳангдўст воқеан чашмгир ва шоиста аст. Сомониён бо рўҳи эронгарою фарҳангпарваронаи худ дар ташвиқу тарғиби забону адаби форсӣ, ҳавасманд кардани шоирон тавассути ҳадяҳои арзишманд ба тарвиҷи бесобиқаи назм ва наср мусоидат карданд. Аммо ҷои таассуф аст, ки аз чанги ҳаводиси рўзгор аксари ёдгориҳои маънавии баландпоя талаф ёфта, аз тазкираву ҷунгҳо ва китобҳои таърихӣ як қисмати хеле кам ва парокандаи осори ниёгон то замони мо ҳифз шудааст.
Аз асри Х, ба қавли Маҳмуди Мудаббирӣ, исми 57 шоир ва ҳудуди 9654 байт ва аз давраи Сомониён то имрўз номи 35 шоир ва ҳудуди ду ҳазор байт (ба истиснои «Шоҳнома») боқӣ мондааст, ки аз он миён 900 байт ба Рўдакӣ, 443 байт ба Абўшакури Балхӣ ва боқии абёт ба қалами Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Кисоии Марвазӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Робиаи Қуздорӣ, Абўзироаи Муаммарии Ҷурҷонӣ, Мўсои Фароловӣ, Абулаббоси Рабанҷонӣ, Хусравонӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Валволиҷӣ ва дигарон мансубанд.
Қобили зикр аст, ки аз баъзе шуаро бештар ва аз бархи дигар хеле кам абёт боқӣ монда, саҳеҳӣ ва мансубияти он ба қалами касе баҳснок мебошад. Бинобар ин, дар аксари маврид фикри қотеъ гуфтан имконпазир нест.
Бо вуҷуди ин, таваҷҷўҳ ба сабки ин давра аз нигоҳи мухтассоти забонӣ, фикрӣ ва адабӣ баъзе хусусиёти муштаракро ошкор менамояд.
Вежагиҳои забонии сабки давра. Як хусусияти ҷолиби шеъри ин давра истеъмоли калимоти наздик ба паҳлавии эдун, эдар, або, абе, абар ва ғайра мебошад.
Дар ашъори ин давра алифи итлоқ бо фаровонӣ истифода мешуд ва онро на танҳо дар дохили мисраъҳо, балки дар қофияҳо низ метавон мушоҳида кард. Масалан, Шаҳиди Балхӣ ба қофияҳои худ алифи итлоқ афзудааст ба мисли: хабаро, сипаро, гузаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё