Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, дар байти Муҳаммад ибни Мухаллад:
Фахр кунад Аммор рўзи бузург, Гўяд онам ман, ки Яъқуб кушт.
6. Истифодаи вожаҳо ва истилоҳоти фаннӣ ба он маънӣ, ки шоирон аз андўхтаҳои худ дар соҳаи нуҷум, ҷуғрофия, тиб, дин, расму оини мардумӣ ва ғайра суд меҷустанд. Чунончи, Муҳаммад Васифи Сагзӣ гуфтааст:
Аз ҳади Ҳинд то ба ҳади Чину Турк, Аз ҳади Занг то ба ҳади Руму Гос.
7. Аз санъатҳои бадеӣ бештар ташбеҳ, хоса ташбеҳоти ҳиссӣ ва наздик ба зеҳн ба кор мерафт. Масалан, парвин ба дастаи наргис, рўй ба оташ, хол ба сипанд ва монанди ин шабеҳ шудаанд. Гоҳе истиора, тавсиф, ташхис ва саноеи дигар низ дар хидмати ин шоирон будааст. Аммо, дар маҷмўъ шеъри ин давра тасвирӣ нест ва дар он ошноӣ бо улуми балоғӣ, аз ҷумла баён ва бадеъ камтар ба мушоҳида мерасад. Аз ин нуқтаи назар шеъри ин давра аз аносири шоирӣ камтар бархурдор буда, бештар ба насри манзум монандӣ дорад.
8. Натиҷагириҳои фалсафӣ аз мухтассоти сабкии ин давра мебошад. Масалан, Муҳаммад Васифи Сагзӣ гўяд:
Ҳарчи бикардем, бихоҳем дид,
Суд надорад зи қазо эҳтирос.
9. Шоирони ин давра ба радиф таваҷҷўҳи зиёд надоранд.
Дар 58 байти аз ин давра боқимонда танҳо дар як дубайтии Маҳмуди Варроқ радифи «надҳам» дучор омад.
10. Истифодаи вожа ва таркибҳои куҳан, ки бархе наздик ба забони паҳлавианд, мисли «або», «ба коми шер андар аст», «зароған» ва ғайра.
11. Абёти боқимонда ғолибан дар қолаби қитъа ва қасида ба мо расидаанд.
12. Рўҳияи шеъри ин давра асосан ҳамосӣ аст, яъне, шоир аз ҳиссиёти ботинии хеш камтар хабар дода, таваҷҷўҳро бештар ба ҳаводис ва натиҷаи он, инчунин ба мазоҳири табиат ҷалб мекунад.
Сабки шеър дар давраи Сомониён. Дар давраи Сомониён пояҳои фикриву балоғии шеър хеле устувор гашт ва маҳз дар ҳамин давра қолабҳои шеърӣ ва аносири бадеӣ ба забони форсӣ ташаккул ва ривоҷ ёфтанд.

пешина
аз 500
навбатӣ