Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар лобалои асар чаҳор хати сужет ба мушоҳида мерасад:
- Лаҳазоте аз зиндагии шуюхи номвар, хонақоҳу дарвешон ва ҷавонмардону фатиён; 2. Дарбори Хоразмшоҳ ва гирудорҳое перомуни тахту тоҷ; 3. Зиндагонӣ ва набардҳои Темурмалик; 4. Чингизхон ва қарибони ў.
Азбаски қаҳрамони марказии асар Темурмалик аст, нависанда ногузир хатҳои дигари сужетро дар ин меҳвар чархонида ва миёни онҳо як навъ гиреҳе пайванд задааст. Ҳарчанд ки ин пайванд гоҳе маснўиву бофта ба назар мерасад (масалан, дидори Темурмалик бо Шамси Табрезиву Ҷалолиддини Румӣ ва Баҳои Валад), аммо пай бурдан душвор нест, ки манзури нависанда ба ин васила нишон додани яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои он айёми пўрошуб, яъне, зиндагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аст. Муаллиф дар воқеапардозӣ, манзаранигорӣ, қиёфасозӣ ва ҷогузории аносири сужет бешак муваффақ аст. Роман ҷозибае дорад, ки пиндорӣ ба як нафас навишта шуда ва ба як нишаст бояд хонд. Лаҳни содаву равон, тасвирҳои пуробуранги романтикӣ, риояи муҳимтарин қавоиди қиссапардозӣ ин достони таърихиро хеле маҷзуб гардонидааст.
Чунончи, дар оғози асар ва дар поёни боби севум мукарраран овардани лаҳзаи пурэҳтирос ва дилхароши қатли Шайх Маҷдуддини Бағдодӣ, ки бо фармони Хоразмшоҳ дар рўди Ҷайҳун ғарқонида мешавад, чун усули чорасозе дар таъмини маҷзубияти асар ба кор рафтааст. Дар маҷмўъ асар аз даҳ боб фароҳам омада, ҳар кадом дар айни замон ба фаслҳо ҷудо шудаанд. Чунончи, дар фасли нахустини боби аввал аз қатли Маҷдудини Бағдодӣ, фасли дувум аз ҷавонии ў ва ба назди Шайх Наҷмиддини Кубро ба шогирдӣ омадани ў, дар фасли сонӣ баҳсҳое дар дарбори шоҳи Хоразм перомуни ворисони тахт, дар фасли дигар – мулоқоти Темурмалик ва Моҳтўтӣ ва ниҳоят, дар фасли охир – мулоқоти Темурмалик бо султон Ҷалолиддин, писари султон Хоразмшоҳ ба тасвир омадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор