Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Хоразму Балх, Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Банокат, Шому Қуния, Ҷанду Арас, Урганҷу Ўтрор, дашти Қароқуму дашти Қипчоқ... Дар таносуб бо чунин ҳудуди паҳновар иштирокдорони воқеоти асар низ хеле зиёд ва аз тавоифи мухталифанд:
хонаводаи султони фотеҳ Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ, амирони шаҳрҳо, сарварони дин, намояндагони оини ҷавонмардӣ, ҷаҳонгири хунхор Чингизхон ва қарибони ў.
Мусаллам аст, ки асари таърихӣ бо он ки воқеоти замони муайянро бозгў менамояд ва барои омўзиши лаҳазоти ҳассоси таърих, хоса даврони гузариш аз як марҳала ба марҳалаи дигар хеле судманд аст, лоҷарам пеши адиби таърихнигор рисолате бештар аз вазоифи адиби воқеапардозро мегузорад.
Барои ў зарурате пеш меояд, ки қабл аз нигорандагӣ дар мутолиаи осори таърихӣ заҳмат бикашад ва дар уқёнуси ҳаводис ва муҳити маънавии он рўзгор ғавр бизанад ва ҷавоҳире берун кашад, ки шоистагии рўи кафи назарбаландон бошад.
Аз ин нуқтаи назар асари Неъматуллоҳи Қозӣ дар заминаи сарчашмаҳои зиёди илмиву адабӣ рўи кор омада, гувоҳӣ бар он медиҳад, ки муаллиф бо камоли ҷиддият таърихи асри ХІІІ Мовароуннаҳру Хуросонро омўхта ва ба муҳити маънавии он рўзгор сар фурў бурдааст.
Бархе аз кутуби мавриди истифодаи муаллиф дар ҳавошии китоби ў ишорат шуда ва ҷо-ҷо тариқи иқтибос интиқол низ гаштааст. Аммо аҷаб ин аст, ки ин пораҳо бегонагӣ ва халале ба услуби роман ворид накарда, баръакс, ба ин воситаву равиш нависанда моро ба саҳеҳии қавли хеш бовар мекунонад. Чунончи, «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ, «Таърихи Муғул»-и Аббос Иқболи Оштиёнӣ, «Шарҳи аҳвол ва нақди осори Мавлавӣ», «Аҳвол ва зиндагонии Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммад»-и Бадеуззамони Фурўзонфар, «Савонеҳи Мавлавӣ»-и Шиблии Нўъмонӣ, «Тафсири Табарӣ», «Таърихи ирфон ва орифони эронӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Маноқиб-ул-орифин», «Султон Ҷалолиддини Хоразмшоҳ»-и Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, «Футувватномаи Султонӣ» ва осори дигаре аз ин даст дар тарҳи матолиб ва аҳдофи нависанда коргар шудаанд.
Нуктае қобили зикр менамояд, ки нависанда ба хотири таҷассуми ҳарчи комилтари вазъи замон равзанаҳои мухталифе боз мекунад ва дар роҳравҳои пурпечу хами даврони пурбими ҷанги муғул рисолати роҳбаладиро ба дўш мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор