Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳикоёти ин фаслҳо дар бобҳои дигар идома ёфта, бархе интиҳо меёбанд ва бо ҳаводису персонажҳои дигаре иваз мешаванд. Яке аз риштаҳои хеле ҷолиби асар бо ном ва шахсияти Шайх Наҷмиддини Кубро алоқаманд аст. Шайх, ки садҳо нафар дарвешонро ба олами улвӣ раҳнамоӣ мекард, худ дар бузургӣ ба мақоме расида буд, ки бе ҳарф аз муддао дарак меёфт ва гоҳе воқеотро пешгўӣ мекард (чунончи, дар мавриди Маҷдуддини Бағдодӣ гуфта буд, ки «дар об мирад»). Шайх марде буд озоду озода, ҳақгўву софзамир, покдилу худошинос ва ҷоннисори дину Ватан.
Ба қавли нигоранда, Шайх Наҷмиддини Кубро «аз кўдакӣ ба фаро гирифтани улуми муқаддамотӣ пардохта буд, дар маорифи исломӣ ва улуми динӣ, аз фиқҳу усул ва ҳадису риҷол ва мантиқу калом ва ҳикмат саромади ҳамгинон гашта буд; сипас барои тазкияи нафс ва тасфияи ҷон ба сайру сулук ва риёзати сахт ва улуми ботин пардохта ва гирди ҷаҳон гардида ва бо мақомоти пурарҷи кашфу шуҳуд роҳ ёфта буд».
Шайхи бузургвор дар домони худ шогирдон ва роҳравони роздону раҳкушоеро амсоли Маҷдуддини Бағдодӣ, султон-ул-уламо Баҳоуддини Валад, Бобо Камоли Ҷандӣ, Наҷмиддини Розӣ ва дигарон бипарваронид ва дар таърихи тасаввуфу ислом хизмате шоиста ба ҷо овард.
Рўзе, ки ба сари Ватан мусибат омад ва ўро огоҳ карданд, ки аз Хоразм берун равад, то аз теғи душман амон ёбад, ў кушта шуданро аз хиёнат авло донист ва то нафаси охирин бо душманон биҷангид.
Сафаҳоти пурборе дар ин китоб аз рўзгори ҷавонмардон ҳикоят мекунад, ки дар он замон бо номи «айёрон» ё «фатиён»
низ шўҳрат доштанд ва рисолати худро дар ёварӣ ба ситамдидагон ва мазлумон ёфта буданд. Ин гурўҳи ҷавонони ниҷобатманд, ки сарварии онро Пирмуҳаммади Бағдодӣ ба ўҳда дошт, дар тариқат пайрави Шайх Наҷмиддини Кубро буда, оинномаи онро одоби мурид, аркони футувват, шарти камар бастани ҷавонмард, шароити вуҷуди ҷавонмард, ки муштамил бар ислом, имон, ақл, илм, ҳилм, зўҳд, вараъ, сидқ, карам, мурувват, шафқат, эҳсон, вафо, ҳаё, таваккал ва дигар сифоти ҳамидаи инсон аст, фаро мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор