Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Равобити адабии Шарқу Ғарб қабл аз ин ҳам мавзўи меҳварии китобу мақолоти ў буд ва умед аст, ки маҷмўаи мавриди назар заминаи таҳқиқоти тоза ва бунёдии ў перомуни шинохти адабиёти форсу тоҷик дар Аврупо хоҳад шуд.
Илова шудани номгўи сарчашмаҳои илмиву адабӣ дар поёни ҳар мақола қимати чунин асарро боз ҳам меафзояд ва барои муҳаққиқони дигар низ басо судманд меояд.
Соли 2012

ОИНАДОРИ НАСРИ ИМРЎЗ

Атахон Сайфуллоев. Уфуқҳои тозаи наср. Нашри дувум бо таҳрир ва такмил дар се ҷилд.–Душанбе: Адиб, 2012.

Китоби мазкурро барҳақ метавон «оинаи насри имрўз»
номид, зеро бо чунин вусъату густурдагӣ роҷеъ ба паҳлўҳои гуногуни насри муосир, равандҳои инкишофи он, таҳаввули тамоми анвои насри миллӣ, сифатҳои тозаи ғоявию эстетикии он то кунун тадқиқоте бо ҷалби ағлаби осори бадеии мансури бист соли охир рўи кор наомада буд. Албатта, аз устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ ва донишмандони дигар Худоӣ Шарифов, Лариса Демидчик, Маъруф Раҷабӣ, Носирҷон Салимов, Абдухолиқ Набиев, Худойназар Асозода, Шамсиддин Солеҳов сар карда то муҳаққиқони ҷавон хидматҳои шоистае дар ин росто анҷом доданд.
Дар замоне, ки марказҳои банақшагириву танзим ва интишору тақсими китоб аз фаъолият монда ва ҳар нависанда бо ҳар роҳе, ки метавонад, осори худро ба чоп мерасонад, аз тамоми падидаҳои нави адабӣ огоҳ будан, хоса барои онҳое, ки дуртар аз пойтахти кишвар иқомат доранд, кори басо сангин аст, чӣ расад ба таснифу таҳқиқи ин осор дар сари вақт.
Аммо китобе, ки дар даст дорем, бори дигар собит мекунад, ки шавқ агар раҳбар шавад, як нафар ҳам кори як шўъбаи илмиро метавонад дар танҳоӣ анҷом диҳад. Шахсияти маъруфи илму адаб ва фарҳанги тоҷик, мунаққид ва адабиётшиноси пуркор, шоир, драматург ва мутарҷим Атахон Сайфуллоев аз тоифаи афроде ҳастанд, ки бо фаъолияти густурдаи худ шинохта шудаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ