Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Осори профессор Атахон Сайфуллоев, ки масоили мухталифи адабиёти муосирро фаро гирифтаанд, аз ҷумла «Мактаби Айнӣ», «Мирзо Турсунзода», «Ягонагӣ ва хешовандӣ», «Ахтари тобони адабиёт», «Фурўғи маънавият», «Ҳалқаҳои пайванди адабӣ», «Ҳаким Карим», «Зуфархон Ҷавҳарӣ», «Ҷону ҷаҳони наср» ва ғайра дар шинохти масъалаҳои муҳими адабиёти муосири тоҷик, чеҳраҳои тобноки назму насри садаи бист ва равобити адабиёти тоҷик бо халқҳои дигар тадқиқоти муҳими риштаи адабиётшиносӣ ба шумор меоянд. Таҳқиқи насри тоҷик, ки аз омўзиши осори мондагори устод Садриддин Айнӣ шурўъ шуда, бо дастовардҳои Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил идома ёфтааст, торафт вусъат гирифта, назари муҳаққиқро ба вежагиҳои насри солҳои охир, хоса бурду бохти адибони номвари имрўз Абдулҳамиди Самад, Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Сайф Раҳимзод, Ҷонибеки Акобир мутаваҷҷеҳ кардааст.
Нашри аввали китоби «Уфуқҳои тозаи наср», ки соли 2006 дар нашриёти «Адиб» аз чоп баромад, аз чаҳор боб иборат буда, дар боби нахустини он «Истиқлолияти давлатӣ ва инкишофи насри тоҷикӣ» сухан дар бораи тамоюлоти мавзўиву ғоявии насри муосир, дар боби дувум – роҷеъ ба қиссаҳои хурду бузурги адибон, дар боби севум – анвои романи таърихӣ ва дар боби охирин перомуни романҳо дар мавзўоти замони ҳозир рафтааст. Муаллиф баъди нашри ин монография кори худро идома дода, батадриҷ матолиби бештареро ба доираи баҳс мекашад ва тамоми осори қобили таваҷҷўҳи носирони муосирро таҳлилу таҳқиқ карда, манзараи куллии насри имрўзро мунъакис мегардонад. Нашри дувуми асар бо таҳриру такмил дар се ҷилд ба табъ расида, дар ҷилди аввали он рушди тамоми анвои насри миллӣ – ҳикояву очерк, қиссаву роман чун падидаи ғаномандии адабиёти тоҷик дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ҷолиб он аст, ки муҳаққиқи маъруф на танҳо дар бораи дастовардҳои адабиёти ин давра, балки роҷеъ ба навоқиси он низ изҳори назар мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор