Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Малик пурсид, ки чӣ мегўяд? Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт: Эй Худованди ҷаҳон ҳамегўяд: Раҳмати Худо бод бар касоне ки хашму ғазабро фурў мехўранд ва аз мардумон дармегузаранд. Маликро раҳмат дар дил омад ва аз сари хуни ў даргузашт. Вазири дигар, ки зидди ў буд, гуфт: Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва сақат (носазо) гуфт. Малик рўй аз ин сухан дарҳам кашид ва гуфт: Маро он дурўғ писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рўи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар хубсе ва хирадмандон гуфтаанд: Дурўғе маслиҳатомез беҳ аз росте фитнаангез».
Александр Ҳайзер сарчашмаи ҳикоятро таъкид намуда, таъсири ин навъ осори шарқиро ба шаҳбону ва умуман ба адабиёти тарбиявӣ ва андарзии рус баррасӣ менамояд.
Зимнан қобили ишорат аст, ки муаллифи маҷмўа ба саъдишиносӣ дар Аврупо ва Русия таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, чандин ҳикояти манзуму мансурро аз «Гулистон»-у «Бўстон» нақл мекунад ва тибқи ёдоварӣ аз тарҷумаи ин осор хулосаҳои арзишманди назарӣ берун мекашад. Матолиби ин мақолот дар канори тадқиқоти шодравон Шокир Мухтор перомуни шинохти Саъдӣ дар Фаронса пайвандҳои адабии Шарқу Ғарбро боз ҳам равшантар ва амиқтар боз мекунад.
Дар поёни маҷмўа мулҳақоте ҷой гирифтаанд, ки вусъати андеша ва ҳунари муаллифро нишон медиҳанд. Дар замимаи аввал мақолаҳо перомуни фаъолияти тарҷумонӣ ва олмоншиносии Шералӣ Раҳимов ва Хайрулло Сайфуллоев, инчунин шарҳу тафсири хидматҳои профессори олмонӣ Манфред Лорентс оварда шуда, замимаи дувум муштамил бар тарҷумаҳои Рўдакӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ мебошад. Муаллифи китоб баъзе тарҷумаҳои худро аз осори Рўдакиву Хайём, Саъдиву Камол ва Мавлоно Ҷомӣ дар охири маҷмўа ҷой додааст.
Инак, ошноӣ бо китоби мазкур арзиши онро чун як таҳқиқоти хеле муҳим ва саршор аз асноду далоили тозаву ҷамъбастҳои илмӣ ошкор мекунад. Муаллифи он, ки зодаи Тоҷикистон буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд то соли 1996 кор кардааст, ҳоло 15 сол аст, ки ба Олмон кўч баста ва сарварии Анҷумани пайванди тоҷикону олмониёнро ба ўҳда дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор