Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар қисмати аввал, ки «Дар саргаҳи пайвандҳои адабӣ» ном гирифтааст, мулоҳизаҳои муаллиф перомуни баъзе масъалаҳои робитаҳои адабии халқҳои тоҷику рус ҷой дода шудааст. Дар ибтидо муҳаққиқ аз таърихи равобити фарҳангии адабиёти рус ва Шарқ сухан ронда, истиқболи адибони маъруфи асри ХІХ ва ибтидои асри ХХ А. С. Пушкин, А. С.
Грибоедов, Л. Н. Толстой, А. Блок, С. Есенин ва И. Бунинро аз адабиёти форсу тоҷик иҷмолан мавриди назар қарор додааст. Дар заминаи матлабҳои асосӣ ва муҳиме, ки дар ин фасл баён шудаанд, се мақолаи дигар перомуни мавзўоти мушаххас: «Пушкин ва адабиёти тоҷик», «Александр Блок ва адабиёти тоҷик» ва «Есенин ва адибони тоҷик» тавлид ёфтаанд.
Мақолоти мазкур аз андешаву асноди тоза барӣ нестанд, аммо зарурати баррасии онҳо бо назардошт ва интиқоди кутубу мақолоти муҳаққиқони дигар алҳол ҷой дорад.
Қисмати дигари китоб ба танқиди тарҷума тахсис ёфтааст ва ин бахш ҳунари муаллифро ба ҳайси адабиётшиноси бориксанҷ ва ҳассос дар ниҳояти хубӣ ба зуҳур овардааст. Мактаби тарҷума воқеан манзари маърифат ва оинаи шиносоии халқҳост, зеро тавассути он аҳли адаб аз дастовардҳои илмиву адабии халқҳои дигар бохабар мешаванд ва таҷрибаи эшонро ба дороии маънавии хеш зам мекунанд.
Ба андешаи саҳеҳи муаллиф тарҷумаи бадеӣ бояд дар тарбияи завқ ва камолоти маърифати инсонӣ хизмат намояд:
«Адабиёти тарҷума дар роҳи шиносоӣ ва омўзиши маънавии халқҳо беш аз дигар воситаҳои ҷаҳонбинӣ хизмат мекунад, ки онро метавон аз роҳҳо ва сабабҳои интишори афкор ва имтизоҷи таърихии халқҳо донист».
Баъди таҳлили осори Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир муаллиф ба хулосае расидааст, ки тарҷумаи ашъори ин шуаро бояд «манзараи шеъри нави тоҷикро дар қаламрави русӣ шаҳомати дигар диҳад». Ҳини таҳлил муаллиф ба чанд нуктаи муҳим дар сифати тарҷума: ҷавҳари шеъри асл, назокати баён, оҳанги шеър, тасвирҳои бадеӣ, хусусиятҳои услубӣ ва жанрӣ эътибори махсус дода ва тибқи ҳамин меъёр ашъори тарҷумаро арзёбӣ намудааст.
Дар мақолаи «Тарҷумаи бадеӣ ва тафаккури миллӣ» ду

пешина
аз 500
навбатӣ