Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чунончи, тарҷумаҳои ғазалиёти Ҳофиз дар таърихи адабиёти ҷаҳон хеле сабақаомўзанд: нахустин тарҷума ба туркии усмонӣ пас аз 250 соли марги шоир, нахустин тарҷума ба лотинӣ миёнаҳои асри ХVIII, ба забони немисӣ соли– 1791, ба русӣ – дар солҳои 20-уми асри ХІХ, англисӣ – соли 1875 сурат гирифтааст.
Пайвандҳои адабӣ бо халқҳои славянинажод як шохаи хеле пурбори табодули таҷрибаи бадеӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои ҳамдигар аст, ки ин маъниро соҳибони рисола зимни маводи зиёди амалӣ манзури аҳли илм намудаанд. Падидаи дигари фарҳангиро муаллифон дар равобити эҷодӣ бо кишварҳои Эрону Афғонистон ва Ҳиндустону Покистон ба риштаи таҳқиқ кашидаанд.
Қисмати дигари китоби мазкур аз таърихи мактаби тарҷума ва суннатҳои он маълумот медиҳад. Ин ҷо низ муаллифон пеши худ вазифа гузоштаанд, ки ба таърихи дуҳазорсолаи мактаби тарҷумонии илму адаби тоҷик нигоҳе иҷмолӣ андозанд ва аз дурахшонтарин саҳафоти он мухтасар ёдовар шаванд. Чунин ҳадаф барои ошноии умумӣ бо вазъи кор дар ин самт мусоидат мекунад. Аз ҷумла, таърихи тарҷумаҳои нахустин ба форсӣ ва аз форсӣ, фаъолияти тарҷумонии мутарҷимони маъруф Ҳунайни Ибоди Исҳоқ, Исҳоқи Ҳунайнӣ, Истефани Қадим, Ҳаҷҷоҷи Матар, Шаҳдии Кархӣ, Юсуфи Котиб, Ибни Муқаффаъ ва дигарон, ки ҳар кадом ба чанд забон балад буданд, таърихи «Дор-ут-тарҷума», моҳияти санъати зуллисонайн дар ҳамдигаршиносии халқҳо, муовизаи таҷрибаи эҷодии Осиёву Аврупо, мақоми забони русӣ чун воситаи миёнарави шиносоӣ бо адабиёти халқҳои дигар таи садаи охир, зарурати донистани забони асли осори илмиву адабӣ дар кори тарҷума ва ғайра муҳимтарин нуктаҳои мавриди пажўҳиши муаллифони китоб қарор гирифтаанд. Дар маҷмўъ, бо вуҷуди шитобзадагӣ, ин китоб фарогири маводи зиёди илмиву амалист, ки барои тадқиқоти баъдина метавонад раҳкушоӣ кунад.
Китоби дигар «Адабиёт ва воқеият» (навиштаи Абдувалӣ Давронов) шомили мақолотест, ки дар се бахш тасниф шудаанд. Бархе аз ин мақолот дар кутуби дастҷамъӣ ва матбуоти даврӣ ба табъ расида ва аз санҷиши хонандагон қаблан гузаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор