Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

масъалаи муҳим мавриди мулоҳиза қарор гирифтааст:

  1. Таносуби тарҷума бо завқу илҳом ва меҳнати иҷборӣ; 2. Сифати тарҷума ва иртиботи он бо забон: тарҷумаи бевосита – аз як забон ба забони дигар ва тарҷумаи бавосита – аз як забон ба забони дигар тавассути забони миёнҷӣ.
    Бешак, тарҷумон паёмбари фарҳангист, ки паёми халқеро ба халқи дигаре мерасонад ва дар тарбияи завқу маърифати бадеӣ нақши бориз дорад. Бинобар ин, интихоби асар кори завқ ва тарҷумаи хуб зодаи илҳом аст, ки ин нуктаро муаллиф таъкид кардааст.
    Дар қисмати охирини китоб андешаҳои муҳаққиқ роҷеъ ба масоили гуногуни адабиёти муосири тоҷик: нақди адабии солҳои 20-50-уми асри ХХ (бо ҳамдастии А. Набиев), адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносии имрўз, мактаби адабиётшиносии устод Муҳаммадҷони Шакурӣ ва дастовардҳои он, нақши Муаззама Аҳмадова дар рушди насри муосири тоҷик, услуби эҷодии Сотим Улуғзода, ҳусну қубҳи ашъори тозанашри адибони ҷавон Адиба, Мавҷигул, Нарзулло Азизӣ, Меҳриддини Аслам баён шудаанд.
    Ҳакиме фармуда, ки муносибати мо ба инсонҳо ва китобҳо ҳамгун аст. Бо нафарони зиёде шинос мешавем, вале на ҳамаро барои идомаи дўстӣ мепазирем. Китоби хуб ба мисли дўсти босаховатест, ки дороии хешро рўи каф барои хонанда манзур мекунад. Китобҳои нави Ҳамроқул Шодиқулов ва Абдувалӣ Давронов, бидуни шак, доираи маълумоти моро перомуни пайвандҳои адабӣ ва масоили тарҷумаи бадеӣ вусъат мебахшанд ва мавриди истифодаи зиёди алоқамандон хоханд буд.
    Соли 2005

ШИНОХТИ АДАБИЁТИ ШАРҚ ДАР ҒАРБ

Александр Ҳайзер. Тоҷи заррин. Очеркҳо роҷеъ ба таърихи равобити адабии тоҷикон бо Аврупои Ғарбӣ ва Русия.–Хуҷанд, 2011.–248 саҳифа, ба забони русӣ.

Асари нави муҳаққиқи соҳибназар ва тозаҷўи олмонӣ Александр Ҳайзер идомаи ковишҳои пайвастаи ў перомуни равобити адабии тоҷикон бо Аврупо ва Русия буда, таълифоти чандинсолаи ўро дар як муҷаллад фаро гирифтааст.

пешина
аз 500
навбатӣ