Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар ниҳояти назарияпардозӣ Сафавӣ ду шеваи баргузидаи худро тавзеҳ медиҳад, ки иборат аз инҳост:
«Нахуст ин ки, дар баргардони сурудаҳо то ҳадди имкон аз афзоиш ва коҳиш иҷтиноб шуд, магар ин ки афзоиш ё коҳиш тағйире дар иттилоот ҳосил наёварад ва сарфан ба унвони абзоре барои ҳифзи моҳияти адабии матн ба кор равад.
Дувум ин ки, дар интихоби муодилҳо ва ҳамнишинии онҳо ба шакле амал шавад, ки баргардон таҳти фароянди барҷастасоз қарор гирад, ба забони адиб наздик шавад ва аз навъе тавозуни пинҳон бархурдор гардад. Барои даст ёзидан ба ин муҳим то ҳадди имкон аз тавозунҳои овоӣ, вожагонӣ ва наҳвӣ баҳра гирифта шудааст» (8).
Тарҷумаи дигари «Девони ғарбиву шарқӣ»-ро муҳаққиқ ва мутарҷими эронӣ Маҳмуди Ҳаддодӣ дар соли 2001 анҷом додааст ва худи ҳамон сол ин китоб ҳам ба забони олмонӣ ва ҳам ба забони форсӣ чоп шуд (9). Дар қисмати форсии китоб таълиқоте шомили тавзеҳот ва понавишт ҷо дорад, ки барои дарки дигар ва беҳтари фарҳанги олмонӣ ва ҷаҳоншиносии шоир мусоидат мекунад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки баъзе шеърҳои Гётеро якчанд нафар ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Чунончи, шеъри «Найшакар» аз ҷониби шаш нафар (Лоиқ, Миршакар, Фарзона, Шифо, Сафавӣ ва Ҳаддодӣ) баргардонида шудааст. Азбаски шеъри кўтоҳ аст, овардани ҳамаи нусхаҳо барои муқоиса ҷолиб менамояд:
Лоиқ:
Як шохаи най зи хок сар барафрохт, Бар мардумӣ то кунад шакарафшонӣ.
Эй кош ту ҳам, эй наи килкам, чун ў Ширин бикунӣ, коми дили инсоне.
Миршакар:
Бо умеде най баромад аз замин, То кунад ширин даҳоне аз шакар.
Кошкӣ найхомаи ман ҳам чунин
Шаккарафшонӣ кунад дар баҳру бар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор