Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарзона:
Найшакар ҳам, ки шарофатбахш аст, З-ў ҷаҳонро ту шакарогин кун.
Қалами ман, ту, ки аз найшакарӣ, Бо сухан коми ҳама ширин кун!
Шифо:
Аз замин шохаи нае бадар омад, то коми мардумонро бо шакари хеш ширин кунад. Кош наи қалами ман чунин шакарафшонӣ тавонад кард?!
Сафавӣ:
Найшакар сар бар кашид,
То ҷаҳон ширин кунад.
Бошад, ки килки ман низ,
Ошиқонаҳо ҷорӣ кунад.
Ҳаддодӣ:
Шохаи най ҷавона зад,
То коми ҷаҳонеро ширин кунад.
Бошад, ки аз найқалами ман низ Таронаҳои ширин битаровад.
Ҳамаи тарҷумаҳо тақрибан дар як пояанд. Ҳарчанд бояд ин нуктаро низ ба эътибор гирифт, ки мутарҷимони эронӣ дар қиёс бо мутарҷимони тоҷик бевосита аз забони олмонӣ кори худро анҷом додаанд, аммо шоирони тоҷик аз тарҷумаҳои русӣ истифода бурдаанд ва тарҷумаи тарҷума ногузир аз асли матлаб дур мекашад.
Шеъри «Фатво»-ро низ чаҳор нафар мутарҷим (Лоиқ, Фарзона, Шифо ва Сафавӣ), «Ман низ Маҷнунам»-ро низ чаҳор нафар (Миршакар, Фарзона, Шифо ва Сафавӣ) тарҷума кардаанд. Бархе шеърҳоро 3 мутарҷим ва бархи дигарро 2 тарҷумон баргардонидаанд.


Русҳо дар кори тарҷумаи «Девони ғарбиву шарқӣ» хеле таҷрибаи зиёд доранд ва собиқаи тарҷумониашон қариб 190 сол аст, ки идома дорад. Дар фосилаи ин таърих услуби тарҷумониашон низ борҳо тағйир ёфта, якчанд зинаро гузаштааст.
Бинобар ин, бадеҳист, ки омўзиши таърихи тарҷумаҳои «Девони ғарбиву шарқӣ» ба забони русӣ, бурду бохтҳои мутарҷимон, усулҳои тарҷума як силсила тадқиқоти илмиро ба бор овардааст ва, дар ин миён, «Нишондиҳандаи библиографии тарҷумаҳои русӣ ва осори тадқиқотӣ ба забони русӣ солҳои 1970-1971»-и З.

пешина
аз 500
навбатӣ