Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Мутарҷим ҳақ надорад, ки комилан озод бошад, зеро вазифаи ў баёни матлаб ва ҳифзи назокати гуфтори шоир аст, на халлоқии дасти аввал дар адабиёт. Аз ҷониби дигар, кўшиши аз ҳад зиёди қаробат доштан бо матн низ тарҷумаро хушку берўҳ ва ғайритабиӣ мекунад.
Дар ҳар сурат тарҷума ҳамеша маърифати фардии мутарҷим аз матн аст, ки бо матолиби мавриди назари шоир ҳаргиз комилан мусовӣ нест, чунонки завқу салиқаву ҷаҳоншиносии ду нафар, хоса онҳое, ки дар муҳити мухталиф парвариш ёфтаанд, аз ҳам тафовут доранд. Бинобар ин, кори тарҷума ҳамеша марбут ба интихоб аст, интихоби калимот, тарзи баён, қолабҳо, абзорҳо ва ғайра. Ба ин маънӣ Сафавӣ мегўяд:
«…Дар тарҷумаи мутуни адабӣ ва ба вежа шеър, истилоҳоте назири «садоқати мутарҷим» ё «вафодорӣ ба матн» ва ҷуз он наметавонад матраҳ бошад. Зеро агар мутарҷиме иддао кунад, дақиқан манзури шоирро ба забони дигар баргардонида, ҳамзамон бо ин иддаояш муддаӣ аст, ки ончи тарҷума карда, «шеър» набудааст. Мутарҷим ба ҳангоми баргардони шеър чорае ҷуз ин надорад, ки интихобҳои худро дар назар гирад ва илова бар ин наметавонад мутмаин бошад, ки хонандаи тарҷумааш низ ба ҳамон интихобҳои вай даст ёбад» (6) Чунонки мебинем, назарияи тарҷумаи Сафавӣ ва шеваи тарҷумонии ў бар пояи интихоб дар ҳифзи абзорҳои шеърофаринӣ ё назмофаринӣ дорад. Ба андешаи ў, «Девон» «шеъри манзум» аст ба он далел, ки ҳам аз абзорҳои шеърофаринӣ, мисли ташбеҳу истиораву иғроқ ва ҳам аз абзорҳои назмофаринӣ, мисли вазну қофия бархурдор аст: «Мутарҷимро лозим меояд, ки абзорҳои назмофариниро ҳифз кунад ва ба афзоишу коҳиш тан дардиҳад ё ин ки ба интиқоли мўҳтаво пойбанд бимонад ва зебоии абзорҳои назмофариниро нодида бигирад.
Дар чунин шароит, бадеҳист, ки абзорҳои назмофаринӣ ба нафъи интиқоли мўҳтаво канор гузошта хоҳанд шуд. Зеро, аввалан, ҳифзи вазн ва қофия ва риояи баргардонии дақиқ аз матн дар қолаби назми суннатии форсӣ имконпазир нахоҳад буд ва, сониян, агар ҳам ба фарзи заиф мумкин бошад, ба сурудаи олмонии авоили қарни нуздаҳуми мелодӣ рангу бўи эронӣ ва суннатӣ хоҳад дод, ки дигар нишоне аз Гёте дар худ надорад (7).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор