Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рашиди Ватвот ба ғайр аз донишманди камназири назму насри луғати форсиву арабӣ будан дар шеър низ барои тағйири сабк саҳм гузоштаааст.
Ба қавли Забеҳулло Сафо, «маҳорати ў дар эҷоди саноеи мухталифи лафзӣ, аз қабили тарсеъ, мумосила ва таҷнису амсоли онҳо, бе он ки ба истеҳкоми калом осебе ворид оварад, ўро аз ин ҳайс дар миёни шоирон мунфарид сохтааст, то ба ҷое, ки метавон девони ўро маҷмўае аз саноеи мухталифи лафзӣ шумурд». Доктор Сафо дар айни ҳол таъкиди он нуктаро, ки ашъори Ватвот бо вуҷуди ороиши маснўъ аз маонии баланди матбўъ орӣ аст, зарур мешуморад (18, ҷ. 2, с. 170).
Рашиди Ватвот гўяд:
Гуфтам, ки дар шабат кунам давлате ба даст, Н-омад ба даст давлату аз даст шуд шабат.
Шоири дигаре, ки дар тағйири сабки асри ХІІ гоме ҷиддӣ бардоштааст, Абулвосеи Ҷабалӣ буд, ки ба ғайр аз ороиши калом ба василаи санъатҳои лафзӣ ба ҳусни маънӣ низ мутаваҷҷеҳ будааст. Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» мўътакид аст, ки ҳеҷ кас бар минволи ў сухан нагуфта:
Руху зулфайни он моҳу лабу дандони он дилбар, Яке лоласт дар анбар, яке лўълўст дар шаккар.
Чӣ лола, лолаи нўъмон, чӣ анбар анбари соро, Чӣ лўълў, лўълўи дарё, чӣ шаккар шаккари асғар.
Анварии Абевардӣ аз шоирони соҳибсабки ин давра аст ва дар қасидаву ғазалу қитъа дасти қавӣ дорад. Бештар дар қасидасароӣ шўҳрат пайдо кардааст. Бо сабаби истифодаи зиёди истилоҳоти фаннӣ аз фалсафаву нуҷуму риёзиву мусиқӣ ўро пайрави Абулфараҷи Рунӣ донистаанд.
Ба қавли доктор Муҳаммад Ғуломризоӣ, Анварӣ дар манзум сохтан ва ба таъбир даровардани маонии мушкил бисёр муқтадир аст ва чун маонии дур аз зеҳн ва қавоиди илмиро навъе эҷозу фишурдагӣ ва иҳом, ки ин ҳама аз мухтассоти каломи ўст, тавъам сохта, девони шеъраш яке аз девонҳои бисёр душвори форсӣ шуда ва аз рўзгорони пешин гурўҳе онро барои толибон шарҳу тавзеҳ кардаанд. Ҷамъи ин вежагиҳо шеъри Анвариро аз шўру шавқу сўзи шоирона берун бурда ва агар ҳаловату латофате дар суханаш ҳаст, ба сабаби саволу ҷавобҳо ва лутфи гурўҳи дигар аз таъбироту ташбеҳоти шеърии ў ва тасаллути ў бар истеъмоли алфоз ва таркиботи пероста ва каломи табиӣ ва мусиқии калом ва танзи дилпазир ва тарҳҳои зебои қасоиди ўст» (4, с.

пешина
аз 500
навбатӣ