Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

177).
Чунонки бо истифода аз аҷроми осмонӣ дар қасидае гўяд:
Аз ман бадӣ наёмаду н-ояд зи ман бадӣ, К-аз унсури латифу зи покиза гавҳарам.
Бар осмони макрамат аз равшанони илм Чун Муштарӣ ба нури хирад Саъди Акбарам…
Дар донише, к-он хирадамро зиён шудаст, Бар осмони ҷон чу Уторид суханварам.
Чеҳраи Анварӣ дар адабиёт дугуна аст: ҷое мисли ориф аз тамаъ ва хоҳишҳои дунявӣ орӣ буда, гоҳе даст ба мадҳу ситоиш зада, аз мамдўҳони худ коҳу ҷав барои аспу арзан барои мурғ ва ҳатто яху шаробу ҳезум гадоӣ мекунад.
Ҳамчунин дар баробари чеҳраи ҷиддии ў шоире ҳиҷогўй ва ҳазлнавис низ рў менамояд, ки баъзан аз зишттарин ва қабеҳтарин калом худдорӣ намекунад.
Масъуди Саъди Салмон ҳамчунин ба унвони шоири қасидасаро ва саногустар машҳур аст. Бо сабаби 18 сол дар зиндон буданаш дар қисмати зиёди қасидаҳояш аз аҳволи худ дар ҳабс сухан гуфта ва ба ҳайси нахустшоири анвои «ҳабсия» ва шаҳрошўб эътироф шудааст. Худи шоир ба муқаллид набуданаш ва аз такрор дурӣ ҷустанаш чунин ишора кардааст:
Ашъори ман он аст, ки дар санъати назмаш, На лафз муор асту на маънӣ мусанно.
Ў аз осори Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ баҳра бардошта, калимотро бамавқеъ истифода бурда, дар таъбироту ташбеҳоти тоза ва саноеи дигари лафзиву маънавӣ дасти қавӣ доштааст.
Назокати сухани ў аз ин байтҳо низ, ки дар он таҷниси том «ной» ба маънии асбоби мусиқӣ ва «Ной» – мавзее, ки дар он ҷо маҳбас ҷойгир аст, «бенаво» – бечора ба назар мерасад:

пешина
аз 500
навбатӣ