Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Абулфараҷи Рунӣ низ ба эътибори қавли фузалову шуаро шоири соҳибсабк будааст. Чунончи, Масъуди Саъди Салмон дар бораи шеъри ў гуфтааст:
Шоиронро зи лафзу маънии ў
Лафзу маънӣ ҳама дигарсон гашт.
Муҳимтарин хусусияти шеъри ў истифодаи фаровони истилоҳоти илмӣ мебошад:
Бурҷи Савр аст магар шохи суман, Ки гулашро шабаҳи Парвин аст.
Ё ки:
Омад аз Ҳут барниҳода сақал,
Пешвои ситорагон ба Ҳамал.
Аз шогирдии устоде чун Абулфараҷи Рунӣ як идда шоирон, аз қабили Масъуди Саъд ва Анварӣ ифтихор доштанд ва ба қавли Шафеии Кадканӣ, «нуқтаи аслии ин гироиш дар тарзи диди илмии Булфараҷ аст, ки дар он рўзгор тозагӣ дошта, яъне, кўшиш барои эҷоди тасовире, ки ниҳоди илмӣ доранд ва аз фарҳанги илмии рўзгори шоир моя мегиранд» (10, с. 468).
Умари Хайём ҳарчанд ки дар замони худ бештар на чун шоир, балки чун олим ва риёзишинос шўҳрат дошт, бо вуҷуди он, иртифои рубоисароӣ ба номи ў сабт шудааст.
Муҳимтарин вежагии сабки ў дар рубоӣ майл ба фалсафа аст ва асоси фалсафаи Хаёмро даргузар будани умр, дарёфти шодии ҳар нафас, аҷзи инсон ва қудрати Худованду каҷрафтории фалак ва ғайра ташкил медиҳад. Хайём аз зумраи шоиронест, ки садои эътирози хешро аз нотавониву ҳақирии инсон ва умри бебақову зудгузари ў то ба гўши фалаки кар баланд кардааст:
Мо лўъбатаконему фалак лўъбатбоз, Аз рўи ҳақиқат аст, на аз рўи маҷоз.
Бозича ҳамешавем дар дасти фалак, Афтем ба сандуқи адам як-як боз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё