Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё ки:
Шеъри ман шарҳи шаръу дин бошад, Шоири ростгўй ин бошад.
Аз лиҳози забон шеъри Саноӣ кўҳнагиҳо ва қолабҳои забони давраи Сомониён ва Ғазнавиёнро нигоҳ доштааст, вале аз нигоҳи фикр ва таъбироти тоза дар он ва ифодаи матлабҳои даруннигарона ба ҳайси сарсилсилаи шоирони соҳибсабки ин аср пазируфта шудааст. Дигар аз мушаххасоти сабки Саноӣ фаровонии истилоҳот ва мафҳумҳои фаннӣ аст, ки дар он миён мафоҳими тиббиву фалсафӣ, сарфиву наҳвӣ, арўзиву риёзӣ, мантиқӣ ва ирфонӣ бештар мавриди таваҷҷўҳ будааст.
Дигар аз вежагиҳои шеъри ў корбурди зиёди истилоҳоти бозиҳои нарду шатранҷ мебошад. Хусусияти дигари шеъри ў, ки баъдан дар шеъри ирфонӣ ба яке аз вежагиҳои тарзи баён табдил ёфтааст, истифодаи парадокс ё таркибҳои ба ҳам зид мебошад. Чунончи:
Дар раҳаш ранҷ нест, осонист, Безабонӣ ҳама сухандонист.
Ё худ:
Ошиқе ку, то кунун бе заҳмати лаб ҳар замон Бўсаҳо бар пои ин гўёи ногўё занам.
Дар шеъри Саноӣ санъатҳои бадеӣ, аз ҷумла анвои ҷинос, мурооти назир, тазод, иҳом, муламмаъ, илтизом, ирсоли масал ва ғайра истифодаи вофир дорад. Гоҳе шоир маониро дар ҳам печида, хеле асрорангез сухан мегўяд ва ин ҳол боиси он шуда, ки дар шарҳи абёти вай рисолаҳое таълиф гарданд:
Мусалмонон, мусалмонон, мусалмонӣ, мусалмонӣ, Аз ин оини бединон пушаймонӣ, пушаймонӣ.
Мусалмонӣ кунун исмест бар урфеву одоте, Дареғо, ку мусалмоне, дареғо, ку мусалмонӣ?
Ба як нигоҳ дарк кардан мушкил аст, ки шоир чӣ матлабе дорад: мусалмониро «оини бединон» номидан ва аз он пушаймон буданро чи гуна шарҳ додан мумкин аст? Мисли ин саволи зиёде аз ашъори ў пеш меоянд, ки ба шарҳи махсус эҳтиёҷ доранд.
Дар шеъри Саноӣ хеле вожаву таъбирҳое ҳастанд, ки ҳаққи халлоқии онҳо бар ўст: ҷуҳудкада, мурғи роҳат, боғи ранҷ, бехи адл, фарши тавҳид, хароботи ҷавонмардӣ, гулшани таҳқиқ, рамзҳои ақлангез, оби оташафрўз, оташи обсўз, ҷазохоҳони маънӣ, сарпўшидагони ақл, кушодномаи ақл ва ғайра.

пешина
аз 500
навбатӣ