Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо хидмати Саноӣ дар он буд, ки дар бофт ва такмили ин ҷараён таъбирҳо ва таркибҳои тозаву бесобиқаи зиёд ва як навъ шеваи озодандешиву озодфикриро, ки аз қолабҳои мумаъмулии шеър убур мекард, пеш гирифт.
Махсусияти шеъри Саноӣ дар ишора ба оёту ҳадис, баёни матолиби шаръӣ ва ахлоқӣ, шинохти афзалияти ақл ва илм (дар ҳоле, ки дар шеъри ирфонӣ ишқ аз ақлу илм бартар дониста мешавад), зуҳур мекунад. Масалан мегўяд:
Ҳарчи дар зери чарх неку баданд, Хўшачинони хирмани хираданд.
Ҳарчанд гоҳе «ишқ бартар зи ақлу аз ҷон аст» мегўяд, мутмаин аст, ки:
Ақл дар кўи ишқ нобиност,
Оқилӣ кори Бўалӣ Синост.
Аз хусусиятҳои дигари шеъри Саноӣ интиқоди вазъи иҷтимоӣ ва ҳушдор додани ҷоҳилон аст:
Дар фиребободи гетӣ чанд бояд дошт ҳирс, Чашматон чун чашми наргис, даст чун дасти чанор.
Дар ин ҷода Саноӣ ба тундӣ ва бепарвоиву ҷасурӣ қалам меронад ва дар ҳама ҳолат, ҳатто дар мавриди истеъмоли каломи зишту қабеҳ, ки дар «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа», хоса дар қисмати охири ин маснавӣ зиёд аст, муроди муаллиф таълими маорифи илоҳӣ ва барангехтани инсонҳо ба сайру сулуки тариқат аст. Ба ин маънӣ Саноӣ мегўяд, ки:
Ҳазли ман ҳазл нест, таълим аст, Байти ман байт нест, иқлим аст.
Саноӣ, ки дар аввали роҳи эҷодиаш бештар муқаллиди шуарое чун Унсуриву Фаррухиву Манучеҳрӣ буд, дар марҳалаи дувуми умраш фикр, назар, дидгоҳ ва чашмандозаш комилан дигар шуд ва чун шоири орифмаслак, ки ирфонаш бар шаръ бунёд ёфта буд, бо интиқоди тезу тунд бар муқобили шоирони дарборӣ хома ронд ва хешро бо камоли ифтихор муфассири шаръ номид:
Аз ҳама шоирон ба аслу ба фаръ, Ман ҳакимам ба қавли соҳиби шаръ.

пешина
аз 500
навбатӣ