Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Шикоят аз туркон ва турктозӣ.
  2. Ҳаҷви шоирон ҳамдигарро.
  3. Пайдо шудани шеъри ирфонӣ ва панду андарзгўӣ дар ин замина.
  4. Ифтихор аз ҳунар ва дониши худ.
    Дар сатҳи адабӣ низ якчанд вежагӣ махсуси ин давра мебошад.
  5. Ба авҷи худ расидани якчанд анвои адабӣ: аз он ҷумла рубоӣ дар ашъори Умари Хайём, қитъаву қасида дар шеъри Анварӣ.
  6. Ба вуҷуд омадани ашъори ирфонӣ (Саноӣ), ҳабсия (Масъуди Саъди Салмон), шеъри ҳаҷву ҳиҷо (Сўзании Самарқандӣ).
  7. Ба кор гирифтани радифҳои дароз ва мушкил.
  8. Истифодаи зиёди муболиғаву иғроқ ва ғулув дар васфи мамдўҳ.
  9. Рушди босуръати жанри ғазал.
  10. Таваҷҷўҳи бештар ба санъатҳои бадеӣ ва воситаҳои баён.
  11. Мушкил шудани дарки шеър ва ба шарҳ эҳтиёҷ пайдо кардани он.
    Маъруфтарин шуарое, ки дар ташаккули сабки ироқӣ саҳм доштанд, вале дар осорашон ҳанўз нишонаҳое аз сабки хуросонӣ боқӣ монда буд ва ибтикороте, ки эшон дар тағйири ин сабк кардаанд, ба тариқи зерин метавон матраҳ кард:
    Ҳаким Саноӣ, ки дар анвои қасидаҳову ғазал ва маснавӣ дасти аввал дошт, бори аввал дар адабиёти форсу тоҷик матолиби ирфониро ба андозае ҷиддӣ ба шеър ворид кард, ки он мўҷиби ташаккул ёфтани ҷараёни махсусе дар шеъри форсӣ гардид ва нақши қалами ў дар таърифоти як иддаи бузурги шоирон, аз ҷумла Аттору Шамси Табрезӣ, Усмон Мухторӣ, Саидҳасани Ғазнавӣ, Ҷамолиддини Исфаҳонӣ, Камолиддини Исмоил, Мавлавӣ ва баъдан дар ашъори Саъдиву Ҳофиз низ муассир гардид. Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки қабл аз Саноӣ низ шуарое аз қабили Абўсаиди Абулхайр, Абўалии Даққоқ, Юсуфи Омирӣ ҳанўз дар асри Х рубоиёти сўфиёна гуфтаанд ва дар асри ХІ Абдуллоҳи Ансорӣ ашъори ирфонӣ гуфт ва баъдан Аҳмади Ғаззолӣ ва Айнулқузот низ даст ба осори ирфонӣ задаанд.
пешина
аз 500
навбатӣ