Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ин бодбезан танҳо зи абрешими зебост,
То ки рух пинҳон бисозад (3, 79).
3. Мурғи рўҳ андар қафаси тан ҷойгир аст:
«Худо нағмаи булбулро шунид ва ба подоши он дар қафаси зарринаш кард ва ба ў «рўҳ» ном дод. Аз ин пас, мурғ рўҳи дар қафаси тан зиндонӣ аст» (4, 161). Дар «Соқинома»
низ ба ҳамин маънӣ аз номи Ҳотам мегўяд:
Ту худ донӣ, ки ин ҷисм ба сони маҳбас аст
Ва рўҳро бифирефтанд ва чунин маҳбус карданд (3, 202).
Ва дар идома суол мекунад, ки «агар тан ҳамчу зиндон аст, чаро ин тан ҳамора ташна аст?».
4. Ҷамоли ҳақро дар рухи зебо дидан.
Шояд баъд аз суханони Мавлавӣ ҷой додани ҳарфҳои
Зулайхо дар «Тафкирнома» беасос набошад, зеро агар дар шеъри қаблӣ Гёте ба хулосае расида буд, ки ба қадри гули бишкуфта, яъне, ба қадри зебоӣ сари вақт бояд расид, инак, аз забони Зулайхо ҳамин маъниро муҷаддадан таъкид мекунад ва рўи зеборо ҷилваи ҷамоли Ҳақ меҳисобад. Ва боз ҳам ба ҳамин маънӣ меафзояд, ки «пас, аҷаб мадор, агар дидори зеборухон моро асири иштиёқ кунад ва рўҳамонро ба осмони ҷамоли худовандӣ боло барад, зеро дар он дам, ки мо бо чашми ситоиш дар онон менигарем, дар ҳақиқат дар дил шоҳкори офариниши Худоро меситоем» (4, 162).
Агар дар мавриди иртиботи маънавии Гёте бо Ҷалолиддини Румӣ биандешем, ба хулосае мерасем, ки ҳарчанд дар тамоми девон шоири олмонӣ танҳо як бор исми Мавлавиро зикр мекунад, зимнан рўҳи Мавлавӣ ва андешаҳои ирфонии ў ба тамоми «Девон» роҳ ёфтааст. Далели қотеъ барои ин андеша санадест, ки худи Гёте дар мусаввадаи тарҳи девон овардааст. Мутобиқи мундариҷае, ки шоир тартиб додааст, баъд аз муқоваи китоб мебоист «Эҳдо» ҷой бигирад, ки дар он муаллиф ба чанд тан бузургони шеъри форсӣ арҷ мегузорад ва номи Ҷалолиддини Румиро пештар аз ҳамаи дигарон мегузорад. Эҳдо чунин оғоз мешавад: «Эҳтиромашон ба ҷой оварда бод: «Маснавӣ»-и пурмаънии Муҳаммад Ҷалолиддини Румӣ, «Панднома»-и олиҷавҳари Фаридуддин, «Шоҳнома»-и қаҳрамонсифати Фирдавсӣ, «Тўҳфат-ул-аҳрор»-и ҷалил-ул-қадри Ҷомӣ…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор