Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар шеъри охирини «Девон» Гёте бо истифода аз ин ривояти шарқӣ изҳори умед мекунад, ки шеъри ў ҳам ба мисли асҳоби Каҳф ҷовидон ҷавон ва бемарг монад, зеро итминон дорад, ки ҳарфи ҳақиқатро гуфтаву талош кардааст, то шикофе дар дили торикӣ ба рўи ишқу умед бикушояд. Шоир орзу мекунад ба мисли саги асҳоби Каҳф, ки паи некон гирифт ва ҳамроҳи онон ба равзаи ризвон рафт, роҳ ба ҷаннат ёбад.
Дар «Тафкирнома» шоир аз суханони Ҷалолиддини Румӣ ёд мекунад, ки «Дунё зодгоҳи ранҷ аст. Агар дар он бимонӣ, чун хобу хаёле мегузарад ва агар сафар кунӣ, ғам бо ту ҳамора меояд.
То ба гармо ва сармо дил хуш кунӣ, даврони гармӣ ва сардӣ сипарӣ мешавад ва то гулро бингарӣ, ки сар аз хок берун кашида, гул пажмурда мешавад ва ба хок меафтад» (4, 69).
Ин пораи шеъри Гёте қитъаеро аз «Маснавӣ» ба хотир мерасонад, ки:
Ҳарчи аз вай шод гаштӣ дар ҷаҳон, Аз фироқи ў бияндеш он замон.
Бед аз фурқат чунин ларзон шуда, Оташ аз фурқат чунин сўзон шуда.
Худ кадомин хуш, ки он нохуш нашуд, Ё кадомин сақфи кон мафруш нашуд.
(Истинод аз 4, 198).
Гёте ба ирфони Шарқ мутаваҷҷеҳ шуда, ба муҳимтарин матлабҳои он меандешад:
- Аз дуӣ бигзаштан ва ба якӣ расидан.
Масалан, дар шеъри «Гинго Билобо» сухан аз барги дарахтест, ки аз кишвари Ҷопон оварда шудааст ва шакли дилро дорад. Ин дарахт боғи шоири олмониро хуш карда, рушди тоза ёфтааст. Гёте аз барги ду ҳиссаи дилшакл ва нумўи ин ниҳоли шарқӣ дар Ғарб рамз меҷўяд:
Дарнамеёбӣ, ки дар ҳар нағмаам, Ман якеву ҳамчу ду ҳастам. - Аз пўст гузаштан ва ба мағз нигаристан.
Ба фикри шоир, вожа пўст асту маънӣ – мағзи он:
Вожа чун бодбезане аст миёни ду чўб, Ки ду чашми зебо дар паси худ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор