Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чунонки мегўяд:
То ману туҳо ҳама якҷон шаванд, Оқибат мустағриқи ҷонон шаванд.
Ва ҷои дигар:
Лек ин ду зидду истезанамо.
Якдилу як кор бошад дар ризо, Ҳар набию ҳар валиро маслакест, Лек бо ҳақ мебарад, ҷумла якест.
Матлаби асосии шоири олмонӣ низ аз дугонагӣ гузаштан ва ба ягонагӣ расидан, аз варои пўст ба мағз нигаристан аст. Гёте дар ашъораш гоҳе мусалмону гоҳ масеҳист. Дар назари ў ихтилоф миёни динҳо ҷунун аст, чунонки мегўяд:
Ин чи ҷунун аст,
Ҳар ки боварҳои худ некў шуморад?
Агар ислом таслими Худо маънӣ диҳад, Мо ҳама дар синаи ислом зинда монем ва бимирем (3, 33).
Аммо чунин ба назар мерасад, ки асли худошиносии ў дар шеъри «Форсинома» изҳор ёфтааст. Қаҳрамони шеъри ў
– пирамарди Форс моҳияти зиндагиро дар меҳрпарастӣ, ки оини бостонии ақвоми эронинажод буд, дармеёбад. «Девон», агар амиқтар ба он сар фурў барем, як навъ гимн аст барои Хуршед, Оташ, Ишқ ва сухани олӣ, яъне, Шеър. Маҳз ҳамин чаҳор унсур аз назари Гёте воқеан қобили ситоиш ва парастидан ҳастанд. Зимнан, дар канори ин бояд афзуд, ки шумораи чаҳорро Гёте назири шоирони Шарқ барои шарҳи матлабҳои гуногун зиёд ба кор бурдааст. Чаҳор унсури арбаа: хок, об, бод, оташ; Чаҳор чашмаи файёз: ишқ, май, табли корзор, ҳиссиёти дил; Чаҳор зане, ки ба ҷаннат роҳ ёфтаанд; Чаҳор ҳайвоне, ки дар фирдавс ҷой гирифтаанд.
Шеъри охирини «Девон», ки пеш аз «Худо ҳофиз» омадааст, нақли ривоят дар бораи асҳоби Каҳф аст, ки нахостанд Дақёнусро худои худ ҳисобанд ва танҳо ба Худованди якто эътиқод бастанд ва саге низ ба ин ҳафт тани ҳақпараст бипайваст ва инҳо ҳама ба подоши садоқат ва ишқ ба он Яздони якто ҷовидонӣ ҷавон монданду роҳ ба ҷаннат пайдо карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор