Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аҳли ҷаҳлу хобу хўр ба мисли хару гов ҳастанд. Аз ин рў, дар мавриди ин тоифаи мардум, ки каззобу наммом, хоину палид, лаиму ҷоҳил, нодону бадгўянд, шоир калимоти ҳайвон, хар, гов, бақар, девро зиёд ба кор мебарад.
Мавзўоти асосии ашъори Носири Хусрав ситоиши хирад ва ишора ба зудгузар будани зиндагӣ, бақо надоштани ҷаҳон ва мазаммати он чун арўси фиребгари шавҳаркуш ё модари бадмеҳр, ногузир будани марг ва ҷамъ овардани зоди сафари инсон аст.
Мухотаби аксари ашъори Носири Хусрав шахси дувуми танҳо – «ту» аст ва байти матлаи ин навъ шеърҳо бо нидои «эй»
оғоз меёбад. Шоир бештар ба ҷавонписарон, гоҳе ба аҳли ҷаҳон, баъзан ба пирони умрфарсуда ва дар як миқдор шеърҳо ба фалак, ҷаҳон, дил ва Худованд муроҷиат мекунад. Дар аксари ин навъ шеърҳо вожаҳои панд, ҳикмат, масал, сухан, калом, дониш, ҳуш, ақл, хирад, тан ва ҷон ба вофир ба кор рафтаанд.
Носири Хусрав мутафаккири камназирест, ки аз нуҷуму фиқҳ, фалсафаву риёзӣ, таъриху ҷуғрофия ва фунуни дигар огоҳии комил дорад ва ин дониши ў дар ашъораш инъикос ёфтааст: Қуръон ва ҳадис, амсолу ҳикам, тасвири хуршеду моҳ, бурҷу ситораҳо, номҳои донишмандони Юнону Рими қадим, Арабу Аҷам, подшоҳону вазирон ва ғайра зиёд ба кор рафтаанд.
Саросари девони Носири Хусрав пур аз панду ҳикмат аст, ки муҳаққиқин теъдоди онро бештар аз 800 адад баршумурдаанд, вале аз эҳтимол дур нест, ки хеле зиёдтар бошад.
Аз саноеи бадеӣ дар ашъори Носири Хусрав ғолибан тавсиф, ташбеҳ, истиора, тамсил, талмеҳ ва тазоду муқобала мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Носири Хусрав мўътақид аст, ки рисолати суханвар на дар мадҳу ситоиши баргузидагони олам, балки дар ҳидояти инсон ба роҳи ҳақ аст. Ин аст, ки дар шеъри ў васфи мамдўҳ ё маъшуқ ҷой надорад ва дар накўҳиши шуарои маддоҳ суханҳои таҳқиромезу тунд ба кор бурдааст.
Яке аз нишонаҳои сабки Носири Хусрав мавҷудияти абёти фахрия аст, ки ба қавли донишмандон, дар он замон касе дар ин поя шеъри ифтихорӣ нагуфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё