Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Фахриддини Гургонӣ маснавии «Вис ва Ромин»-ро аз паҳлавӣ ба форсии дарӣ баргардонидааст. Ин асар қадимтарин достони ошиқона аст, ки дар забони мо ба лаҳни содаву фасеҳ навишта шудааст.
Шоири дигари маснависаро Асадии Тўсӣ «Гаршоспнома»-ро дар сабки «Шоҳнома» ба забони форсӣ даровардааст.
Аз нуқтаи назари истифодаи вожаҳои куҳан Асадии Тўсӣ дасти қавӣ дорад. Ў шоири луғатдон аст ва қадимтарин луғати форсие, ки то замони мо расидааст, ба қалами ў тааллуқ дорад.
Қатрони Табрезӣ аввалин шоирест, ки дар ҳавзаи Озарбойҷон ба забони форсӣ ва сабки хуросонӣ шеър гуфтааст. Татаббўи сабки Унсурӣ ва Фаррухӣ кардааст. Бо вуҷуди он ки Носири Хусрав аз ноогоҳии ў аз луғати лаҳҷаи хуросонӣ сухан ронда ва Асадии Тўсӣ сабаби таърифи «Луғати Фурс»-ро мушкилоти шуарои Табрез дар фаҳми калимоти форсӣ гуфтааст. Шеъри Қатронро аз ашъори Рўдакӣ фарқ кардан хеле мушкил аст ва ба қавли муҳаққиқон сурудаҳои онҳо махлут шудаанд.
Носири Хусрав шоири бузурги қарни панҷуми ҳиҷрӣ, бо равиши хоси фикриву адабӣ ва вежагиҳои сувариву забонӣ бар шуарои замони худ имтиёз дошт. Дар тафовут бо эшон назари махсусе ба шеъру шоирӣ дошта, аз тағаззул ва таблиғи рўзгори пурнишот канора меҷуст ва дар қасоиду қитъаот, тамсилоту маснавиҳояш зўҳду дин, ақлу хирад, фазлу ҳикмат ва рўҳу ҷонро ситоиш мекард.
Ҳарчанд ки дар даврони аввали Салчуқиён зиндагӣ кард, услуби баёнаш ғолибан аз даврони Сомониён моя гирифта, шеъраш содаву бениқоб, мазоминаш возеҳу равшан, сабкаш гироиш ба оҳанги даъват доранд. Дар бархе ашъораш аз Рўдакӣ ва бештар аз Кисоӣ истиқбол намудааст.
Носири Хусрав бузургтарин гўяндаи навъи махсуси қасоид – мадеҳаҳоест, ки мамдўҳашон ашхоси баргузидаи даврон набуда, балки инсонҳои худогоҳе ҳастанд, ки сафар ба ботини худ доранд. Аз назари шоир, танҳо афроде, ки аз пайи ризои ҳақ ҳастанд ва зўҳду ибодат, адлу дод, илму хирад, накўкориву накўгўиро пешаи худ кардаанд, шарафи инсон буданро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё