Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яъне, шеъри ин даврон дар маҷмўъ ашъори сурурангез ва шодиафзо аст ва мақоми шоир низ дар ҷомеа чун шахси барангезандаи эҳсосоти хурсандиву сурур пазируфта мешавад.
Шуарои қасидапардоз дар ситоиши бузургии салотин ва пирўзиҳои эшон дар маҷолиси пуршукўҳ ва нишастҳои дарбориву идҳову маросимҳо шеъри худро қироат мекарданд, ки ҳатман ба ҳолати ҳуззор бояд мутобиқ ва созгор меомад. Чунончи, бунёди рубоиёти Хайём бар фалсафаи ҳастӣ ва ғанимат будани умр аст, ки бояд онро хуш гузаронд. Дар ин миён танҳо Носири Хусрав шоири ваъз ва зўҳд аст, ки ба ҷаҳон ва тамоми олами ҳастӣ бо диди мазҳабӣ менигарад.
Муҳимтарин хусусиятҳои шеъри шоирони соҳибсабки ин давр чунин ба назар мерасад:
Унсурӣ дар қасидапардозӣ дасти дароз дорад ва қасидаҳояш ғолибан ба лаҳни ҳамоса суруда шудаанд.
Дар ашъори Фаррухӣ ҷанбаи ғиноӣ пурқувват аст ва ў устоди тағаззул аст. Шеъри ў аз покизагиву содагии шахсияти гўяндааш дарак медиҳад ва дур аз истилоҳоти фанниву фазлфурўшист. Ба калимоти ғарибу нодир таваҷҷўҳ надорад.
Манучеҳрии Домғонӣ дар тасвирсозӣ устоди мусаллам аст. Дар қасидаҳояш аз луғат ва мазомини арабӣ зиёд истифода кардааст. Қадимтарин мусаммати мусаддас ба қалами ин шоири навовар мансуб аст. Дабир Сиёқӣ ўро шоири «тасвирҳо ва шодиҳо» номидааст, ки як навъ ишораест ба рўҳияи умумии шеъри Манучеҳрӣ ва ҳунари ин шоир дар тасвирпардозӣ. Тасвирҳои зебову нотакрори ў дар васфи табиат асосан бар ташбеҳ устувор ҳастанд. Чунончи, дар қасидае тасвири қатраи боронро дар 27 байт бо ташбеҳ тавсиф намудааст.
Абўсаиди Абулхайр шоири рубоисаро аст, ки забони шеъраш аз вожаҳои қадим борвар шудааст. Рубоиҳои ошиқона ва орифона мегўяд. Ба санъатҳои бадеӣ майл надорад ва шеъраш содаву бепироя аст.
Дар қолаби дубайтӣ Боботоҳири Урён шўҳрати зиёд дорад. Боботоҳир аз фарҳанги омма ва забони муҳовараву лаҳҷаи Ҳамадон фаровон ба кор бурдааст, ки ҳамин аносир вежагии сабкашро ташкил додаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ