Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Манзумаҳои кўтоҳи «Рўшноинома» ва «Саодатнома», ки ба гурўҳи маснавиҳои ҳикматомез дохил мешаванд, бардоште аз маснавиҳои мутақаддимон Рўдакиву Абўшакур ва Масъуди Марвазӣ доранд ва дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси мақсур (маҳзуф) гуфта шудаанд. Ашъори дигари шоир дар баҳрҳои мухталифи арўз, ғолибан дар баҳрҳои сангин ба қалам омадааст.
Нишонаҳои дигари сарфиву наҳвӣ ва овоии сабки ашъори Носири Хусрав чунинанд:

  1. Истифодаи калимаву таркиботи арабӣ.
  2. Истифодаи вожаҳои қадимии форсӣ, ки дар ашъори давраи Сомониён роиҷ буданд: эро, азеро-к, мар, мечихоҳад, менадонӣ, дарюш, алфанҷ, ниюшидан, ҳоҷ, шахудан, андархур, шағаб, анзал ва ғайра.
  3. Истифодаи шумораҳо бо исм: ду чиз, чор унсур, нўҳ чарх, ҳафт ахтар.
  4. Ҳамовоии калимот ва ягонагии ҳарфҳои сомити оғози калимоти байт:
    Гашт бар ман рўзу шаб чандон ки гашт аз гашти ў Мўи ман монанди рўзу рўзи ман монанди шаб.
    Ё:
    Ба чашми ниҳон бин ниҳони ҷаҳонро, Ки чашми ҷаҳонбин набинад ниҳонро.
  5. Такрори калимот дар оғози мисраъҳои паёпай барои тақвияти фикр: гаҳ-гаҳ, на-на, дигар-дигар, яке-яке ва ғайра.
    Ҳамин тариқ, муҳимтарин нишонаҳои сабки ашъори Носири Хусрав, ин аст, ки ў бунёди фикрии шеъри худро бар ақоиди исломӣ ва ахлоқу ваъз ниҳодааст. Ба ашъори ошиқона ва ғазал назари манфӣ дорад. Аксари вазнҳои арўзие, ки ба кор бурдааст, авзони сангин ва номатбўъ буда, қофияҳояш низ мушкилтар аз қавофии ҳамқаламон аст. Бештар ба Кисоӣ пайравӣ кардааст, ашъори фалсафӣ мегўяд ва гоҳе дар васфи табиат низ шеър гуфтааст.
    Сабки байнобайн ё сабки аҳди салчуқӣ. Шуарое, ки сабкашон байни сабки хуросонӣ ва ироқӣ қарор дорад, бо назардошти афзалияти хусусиятҳои ин ё он сабк маъмулан ба яке аз аз ин сабкҳо шомил дониста мешаванд. Ба ин маънӣ, давраи оғози таҳаввулоти сабкро дар асри ХІІ як идда муҳаққиқон, аз ҷумла, Сируси Шамисо «сабки байнобайн» ном гузоштаанд ва ин сабк аз пайванди сабкҳои хуросонӣ ва ироқӣ рўи кор омадааст.
пешина
аз 500
навбатӣ