Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар намунаҳои беҳтарини осори онҳо пайванди бехалали шаклу маънӣ, рамзу ҳақиқат, шеъру зиндагӣ ба мушоҳида меояд:
Чароғи хонаи тавҳидро бояд фурўзон кард Ва дасти меҳрубонеро ба дасти меҳрубони дигаре пайванд бояд дод Зи ҷоми соқии майхонаи тавҳид Шароби меҳр бояд хўрд.
Бадиро даступобаста ба сўи дор бояд бурд, Муҳаббатро бибояд бурду бар тахти сафо биншонд.
Неъмати Оташ
Ё пораи дигаре:
Зиндагӣ мехобад ором-ором.
Дар ҳошияи ў
Умри мову ту чунин бехабару беосор мерасад бар фарҷом.
Фурсатам ҳаст.
Меравам, дасти нозукамро
Дар гардани дурушти дарахте танҳо мегузорам, Яъне, ки ба гўши зиндагӣ мегўям, Ки пас аз зулму хиёнат низ варо боз ҳам сахт дўст медорам (Фарзона).
Бешак, ин навъ мисолҳоро аз ашъори шуарои номбурда бо зикри дастовардҳои ҳар кадом метавон овард, вале ин ҷо маҷоли баррасии ҳамаи онҳоро надорем ва ин корро ба фурсати мувофиқтар ҳавола мекунем.
Раванди дигари адабиёти муосир нақди адабӣ аст. Дар Хуҷанд ин самти адабиёт,чунонки дар тамоми ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад, мутаассифона, чандон равнақ надорад.
Пажўҳишҳои адабиётшиносии А. Насриддинов, Н. Салимов, Н. Зоҳидов, У. Ғаффорова, З. Ғаффорова ва чанд тан аз муҳаққиқони ҷавон, бешак, шоистаи таҳсин ҳастанд, аммо дар ин осор бештар ба таърихи адабиёт таваҷҷўҳ зоҳир шудааст, ки низ аз корҳои мондагоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо