Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аз ин миён таълифоти А.
Сайфуллоев «Фурўғи маънавият» ва Нуралӣ Нуров роҷеъ ба ашъори Суруш ва Доро Наҷот ба таҳқиқи равандҳои адабиёти муосир ва вежагиҳои сабки адибони алоҳида тахассус доранд.
Тақризҳое, ки дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд, ғолибан тавсифӣ ҳастанд. Аз тамоми китобҳое, ки тўли тақрибан 10-15 соли охир интишор ёфтаанд, на бештар аз даҳякашон мавриди таваҷҷўҳи мунаққидон қарор гирифтаанд. Биноан, умед дорем, ки мунаққидон, хоса, муҳаққиқони ҷавон С. Аъзамзод, Ш. Тоҷибоев, Б. Мирсаидов, Т. Келдиёров, Ҳ. Зоиров, Т. Бобоева ва як зумраи дигари пажўҳишгарони тозаворид ин норасоиро бартараф менамоянд.
Фаъолияти шўъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон, нашри маҷаллаҳои «Хуҷанд» ва «Сайҳун», рўзномаҳои вилоятиву шаҳрӣ ба интишори осори адибон мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, як нигоҳи шитобзада ба эҷодиёти адибони Хуҷанд ба натиҷае меорад, ки дар ин маркази фарҳангии тоҷикон тамоми равандҳои адабиёт муттасил инкишоф меёбад ва падидаҳои ҷолибе ба бор меорад.
Соли 2005
НОМАҲОИ ПУРАСРОР
(Назаре ба ашъори Аҳмадҷони Раҳмадзод)
Таърих дар дили худ номаҳои зиёдеро ҳифз намуда, розҳои бостон ва асрори рўзгори қаламкашонро то ба имрўз расонидааст. Дар шакли нома манзур намудани матолиби таърихиву динӣ, адабиву илмӣ, фалсафиву публитсистӣ ва ғиноӣ дар адаби форсу тоҷик аз маъмултарин ва роиҷтарин шеваҳои баёни рамзу розҳои инфиродиву иҷтимоӣ, орифонаву ошиқона будааст. Дар миёни анвои номаҳои манзуму мансур «Номаҳои бостон», «Номаи Тансар», «Гуштоспнома», «Баҳманнома», «Абумуслимнома», «Зафарнома», «Шоҳнома», «Искандарнома» ва осори беназире мисли инҳо кам нестанд, ки ҳар кадом бо хасоиси мазмуну мундариҷа, сабку забон ва орояҳои ҳунарӣ аз ҳам тафовут доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо