Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Асарҳои А. Сайфуллоев, Д. Раҷабӣ, У. Ғаффоров, Ҳ.
Шарифов ва дигарон ба равнақи насри мустанад гувоҳӣ медиҳанд.
Дар назми муосири тоҷикии ҳавзаи Хуҷанд низ талош барои дарёфти гавҳари асили сухан ба назар мерасад. Ашъори Озод Аминзода, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Неъмати Оташ, Атахон Сайфуллоев, Саидамин Ҷило, Абдуҷалил Воситзода, Мўҳсин Аминзода, Абдуфаттоҳ Кулолӣ ва аз насли ҷавонтар Фарзона, Ниссо, Адиба, Озарахш, Суруш, Нуралӣ, Шаҳноз, Маҳваш, Мухлиса на танҳо дар сабки баёну нигоҳи инфиродӣ ба ҷаҳон аз ҳамдигар тафовут доранд, балки дар анвои шеърӣ низ рангорангӣ падид овардаанд.
Достону қасида, ғазалу чаҳорпора, мустазоду мусаммат, назираву соқинома, рубоиву дубайтӣ ва анвои ғайрисуннатии шеър назми муосири тоҷикиро аз лиҳози қаволиби шеърӣ ва тасвирҳои тоза густариш бахшидааст.
Аз миёни шуарое, ки зикри исмашон рафт, солҳои охир Аҳмадҷони Раҳматзод ба жанри достон бештар рў овардааст.
Достонҳои ў «Пайванд ё асри бисту як», «Бе ваҳдат бимирам», «Китобхудо», манзумаи «Яъқуббек» аз вусъати тафаккури бадеии шоир дарак медиҳанд. Кулли ин достонҳо аз ғояҳои умумибашарии ваҳдати милливу хештаншиносӣ, ҳофизаи таърихиву ҷоннисорӣ дар хидмати халқ моявар гардидаанд.
Дар достони «Пайванд» шоир як навъ ишорае дорад ба иртиботи тамоми аҷзои олам. Кулли мазоҳири ҳастӣ – аз қаъри чоҳ то авҷи моҳ, аз Амрикову Ҷопон то Тоҷикистон, аз одами барфӣ то қиссаи Зўҳраву Ҳоруту Морут ва таркиши гулўлаҳо дар Ҷопону ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон – ҳама якояк аз дили шоир мегузаранд ва андешаҳои ўро роҷеъ ба ваҳдат тақвият мебахшанд:
Чист ваҳдат?
Рўй овардан ба ҳамдигар!
Балки дар рў дидани нури Худованд аст!
Дасти ҳам бигрифтани ду марди некахтар, Ҳам зи худ ворастани марди хирадманд аст.
Аз ашъори ғиноии солиёни охир падидаи ҷолиб нашри сеҷилдаи осори шоира Фарзона, маҷмўаҳои Неъмати Оташ «Ба ишқ бовар кун» ва «Садои сабзи шукуфтан», Нурмуҳаммад Ниёзӣ «Офтоби сўхта» ва «Сафари шаҳри ишқ», Озарахш «Аз чашмасор омадам», Суруш «Салиби сафед», Озод Аминзода, Адиба, Мухлиса ва ғайра аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо