Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар заминаи маводи тарҷумаиҳолӣ нависанда ба тасвири ҳақиқатнигоронаи олами ботинии инсон бо тамоми печутобҳои рўҳониву равонӣ муваффақ гардид. Ў марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули шуури қаҳрамони марказиро хеле боэътимод инъикос намуд. Бинобар ин, як силсилаи бузурги асарҳои мансури адабиёти шўравӣ, ки аз ҷониби муҳаққиқон «насри психологӣ» ном гирифт, дар адабиёти тоҷик ба ибтикори Пўлод Толис иртибот дорад. Маҷмўаи ҳикоёти «Чароғҳо», «Дар сари роҳи калон», «Ҳикояҳои даҳ сол», повестҳои «Маҳмуд» ва «Ҷавонӣ» дар роҳи рушди маҳорати нигорандагии адиб ба ҳайси зинаҳои камолот хизмат кардаанд ва повести «Тобистон» истеъдоди фавқулъоддаи нависандаи ҷавонро дар мушоҳидакориву борикандешӣ, сухангустариву тасвирсозӣ комилан собит намуд.
Анъанаҳои насри тоҷикро нависандагони маъруф Аъзам Сидқӣ, Додоҷон Раҷабӣ, Муҳиддин Хоҷаев, Баҳром Фирўз, Мубинҷон Юсуфов, Маҳкам Пўлод, Анвар Олимов, Матлуба Ёрмирзоева ва дигарон идома медиҳанд. Насри таърихии Аъзам Сидқӣ (романҳои «Пайраҳаи қисмат» ва «Ашки ситора»
дар бораи Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ), роману повестҳо ва асарҳои саҳнавии Муҳиддин Хоҷаев дар бораи синфи коргар ва тақдири инсон дар чаҳорсўи зиндагӣ, ҳикояву повестҳо ва осори публитсистии Баҳром Фирўз дар мавзўоти мухталиф, бавежа перомуни масоили ҷавонон, қиссаву ҳикояҳои Маъруф Бобоҷон, Мубинҷон Юсуфов, Маҳкам Пўлод, Равшан Замир, Муҳаммад Субҳон, Ғайрат Ҳаким, Юсуф Насрулло, осори ҳаҷвии Додохони Эгамзод ва Наҷмиддини Шоҳинбод, ҳикоёти фалсафии Анвар Олимов, осори фалсафиву рамзӣ ва пур аз лиризми Матлубаи Ёрмирзо насри муосирро аз лиҳози мавзўву мўҳтаво, услуби баёну сабки нигориш, устухонбандӣ ва тарзи ҳалли низоъ ғановат бахшиданд.
Ин ҷо қобили зикр аст, ки хонандагони тоҷик аз насрнависони муосир, хоса қаламкашони ҷавон асарҳои гаронмояе бо сабки хотирмон ва тасвирҳои ҷаззобу чашмандози пурвусъат интизорӣ доранд.
Раванди публитсистии наср, ки солҳои охир хеле муравваҷ аст, дар шаклҳои мухталиф, омезиши бадеияту публитсистика, таъриху публитсистика, таҳқиқу публитсистика ва ғайра зуҳур мекунад.

пешина
аз 500
навбатӣ