Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хидмати ин устоди сухан дар фароҳам овардани муҳити фарҳангӣ дар шимоли ҷумҳурӣ ва тарбияи қаламкашони ҷавони вилоят хеле бузург ва шоистаи қадршиносист. Ташкил шудани шўъбаи вилоятии Иттиҳодияи нависандагон низ (соли 1952) маҳсули талошҳои ин нависандаи пуркор буд.
Адибони ҳамзамони ў Аминҷон Шукўҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат, Ҳоҷӣ Содиқ, Пўлод Толис, Тоҷӣ Усмон, Розия Озод, Ҳилолиён Аскар, Қурбон Алӣ ва дигарон ҳар кадом роҳи зиндагӣ ва адабии пурпечутобе доштанд ва истеъдоду ҳунари худро дар жанрҳои мухталиф месанҷиданд.
Азбаски дар ин мақолаи кўчак имкони баррасии эҷодиёти ҳамаи онҳоро надорем, бо ёдоворӣ аз ибтикори адабии ду тан аз номбурдагон иктифо мекунем.
Нахуст, Аминҷон Шукўҳӣ (1923-1979) аст, ки дар назми муосири тоҷикӣ бо услуби нотакрор ва тасвирҳои хотирмони худ ганҷинаи осори ғиноиро ғановат бахшидааст. Содагиву самимият, нафаси гарму пурэҳсос, образҳое, ки моя аз зиндагии воқеии ҳамзамонон гирифтаанд, боис шудаанд, ки қисми зиёди ашъори шоир сари забони мардум бошад:
Агар рўзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад, Чу оби нуқравори ҷўйборон боз меомад, Чу марҷони гул андар шохсорон боз меомад, Туро меҷустаму меёфтам аз нав, Ба мўят қиссаҳо мебофтам аз нав.
Китобҳои А. Шукўҳӣ «Садои дил», «Нафаси гарм», «Кўчабоғи ошиқон», «Чормағз», «Шаҳло», «Парии ҷазира», «Достони Муллолатиф», «Печутоби роҳҳо», «Об аз куҷо меояд», «Ил-18 омад» ҳунари Шукўҳиро на танҳо дар сурудани ашъори пурэҳтироси лирикӣ, балки дар офаридани осори ҳамосиву драмавӣ ва кўдакона низ таҷассум намудаанд.
Нависандаи дигаре, ки эҷодиёташ дар адабиёти муосири тоҷикӣ марҳаласоз гардид, Пўлод Толис (1929-1961) буд.
Аз миёни анвои навиштаҷоти ў, ки иборат аз осори бачагона, ҳикояву повестҳо, асарҳои ҳаҷвӣ ва тарҷумаҳои бадеӣ аст, повести «Тобистон» дар адабиёти тоҷик саҳифаи тозаеро боз намуд.

пешина
аз 500
навбатӣ