Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Нахустин асарҳои ў шеърҳое буданд, ки дар маҷмўаи «Мавҷҳои музаффарият» бо тахаллуси Даҳрӣ ба табъ расиданд. Раҳим Ҷалил бештар дар жанри ҳикояҳои хурд муваффақ буда, вежагии махсуси сабкаш ҳаҷву зарофат мебошад. Ҳикоёташ дар маҷмўаҳои «Умри дубора», «Ҳикояҳо», «Баҳор», «Ҳамида», «Шикасти тилисмот», «Илҳом», «Духтари мармарин», «Бозгашт аз биҳишт», «Баъди борон» интишор ёфтаанд. Аввалин асари калонҳаҷми нависанда бо номи «Одамони ҷовид» соли 1949 чоп шуд, ки таҳрири романи «Гулрў»-ро бо иловаи қисмати дувуми романи мазкур фаро гирифтааст. Муаллиф дар роман ба воқеаҳои таърихии Инқилоби Октябр, мубориза алайҳи душманони инқилоб, таъсири болшевикони рус ба меҳнаткашони тоҷик, фаъолияти намояндагони ҳизби коммунист дар мисоли симои шахсияти таърихӣ Иванитский, ташаккули синфи коргар дар шимоли Тоҷикистон, тарбия гирифтан ва ба камол расидани ходимони ҳизбӣ ва роҳбарони ҷамъиятӣ аз миёни мардуми маҳаллӣ, таҳаввули характер ва шуури занони тоҷик, муносибатҳои нави оилавӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, асари навоваронае дар адабиёти миллӣ ба миён овардааст.
Мавзўи синфи коргар ва инъикоси зиндагиву фаъолияти ў дар романи сегонаи «Шўроб» идома ёфтааст. Тасвири пурвусъати рўзгори коргарон, ташаккули синфи коргар дар Тоҷикистон, бедории шуури синфии ангиштканони Шўроб, дўстии халқҳои бародар ва ҳамдиливу ҳамкории онҳо, муносибатҳои поки инсонӣ хамирмояи ин асари ҳамосавиро ташкил додааст.
Аз миёни навиштаҳои Раҳим Ҷалил асари ёддоштии «Маъвои дил» (қисми 1 соли 1970, қисми 2 соли 1982) аҳамияти махсус дорад, зеро дар он маводи зиёди таърихиву этнографӣ дар бораи зодгоҳи нависанда – шаҳри Хуҷанд оварда шудааст. Дар ин асар муаллиф на танҳо дар бораи таърихи маҳаллаву кўча ва масҷиду мадрасаҳои ин шаҳри қадимӣ, балки дар бораи шахсиятҳои маъруфи фарҳангиву ҳизбӣ: олимону шоирон, мутрибону ҳофизон, ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, ҳунармандону боғдорон ҳикоят мекунад.
Раҳим Ҷалил муаллифи асарҳои драмавии «Муҳаббат», «Санавбар», «Зани 96-ум», «Ду вохўрӣ», «Дили шоир» ва ғайра низ мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо