Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

на танҳо аз қаламкашоне иборат аст, ки дар ҳамин ҷо ба дунё омада, рўзгори худро сипарӣ намуданд, балки аз фаъолияти онҳое низ ташаккул ёфтааст, ки зодгоҳашон Хуҷанд аст, вале ба тақозои замон дар мавозеи дигар умр ба сар бурдаанд, ҳамчунин – онҳое, ки хуҷандӣ нестанд, вале ба ҳавзаи адабии шаҳр фаъолияти худро пайвастаанд.
Нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим дар тўли умри кўтоҳ, аммо пурбаракати худ (1905-1942) дар адабиёти тоҷик нақши бануре боқӣ гузошт. Ҳикояву новеллаҳои ў, ки мўҳтавояшон мубориза алайҳи босмачиён, навгароӣ дар равиши зиндагӣ, низоъ бо низоми кўҳна, тасвири ҷараёни табаддулоти инқилобӣ дар зиндагии ҷомеа буданд, аввалин маротиба дар насри муосири тоҷик унсурҳои жанри ҳикояву новелларо устувор намуданд. Ҳикояҳои «Одам дар халта», «Оқшуда», «Ҳикояи устоди мисриён», «Марҳабо, баҳор» ва ғайра дар саргаҳи насри муосири тоҷик қарор доранд.
Шоир ва тарҷумони тоҷик Муҳиддин Аминзода (1904- 1966) тамоми фаъолияти эҷодии худро баҳри тарғиби афкори навин, васфи ватан ва инқилоб, ҳаёти нав ва муборизони он, мазаммати хислатҳои ношоистаи одамон ва тараннуми сифоти олии эшон масраф намудааст. Нахустин асарҳои М. Аминзода дар рўзномаи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Мушфиқӣ» ба табъ расидаанд. Маҷмўаҳои «Шеърҳо», «Чаман», «Баҳори ватан», «Садои зафар», «Баҳори дил» чакидаҳои қалами ўро фаро гирифтаанд. Ҳаҷв дар ашъори шоир мавқеи хос дорад ва, агар аз як тараф, барои банамак кардани каломи муаллиф ба кор равад, аз ҷониби дигар, мавқеи инсонӣ ва иҷтимоии ўро хеле равшан ба зуҳур овардааст. Ҷанбаи дигари ҳунари Аминзода дар нигориши осори саҳнавӣ падид омадааст. Драмаи мусиқии «Шараф» намунае аз ин самти фаъолияти ўст. Аминзода ба ҳайси мутарҷим низ маъруфият дорад ва, ба қавли муҳаққиқон, зиёда аз 130 ҳазор мисраъ шеър, ду повест, якчанд ҳикоя, 20 драмаи мусиқӣ, либреттои
10 операро аз адабиёти халқҳои русу украин, гурҷиву арманӣ, озару тотор ва ўзбак ба тоҷикӣ баргардонидааст.
Дар адабиёти ҳавзаи Хуҷанди асри ХХ устод Раҳим Ҷалил (1909-1989) ҷойгоҳи шоиста дорад. Фаъолияти Раҳим Ҷалил хеле серсоҳа буда, дар назму наср, драматургияву публитсистика, тарҷумаи бадеиву нақди адабӣ зуҳур намудааст.

пешина
аз 500
навбатӣ