Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Набиев. Марди ҳунар ва ҷомеаи худкома. Нақде чанд бар замону зиндагӣ ва кору эҷоди нависандаи пешрави тоҷик Ҷалол Икромӣ // Симурғ.–1374.–№1-2 ва ғайра.
5. Таваҷҷўҳ ба рўзгор ва мушаххасоти осори як зумра аз адибону равшангарони ибтидои садаи бистуми тоҷик, амсоли Абдурауфи Фитрат, Ҳоҷӣ домулло Икром, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Шарифҷон махдуми Садри Зиё, Абдулвоҳиди Мунзим ва… низ як ҷузъи тозаназарии пажўҳишгарони охири садаи бист маҳсуб мешавад, ки дар ин раҳгузар метавон аз осори тахқиқии Муҳаммадҷони Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Маъруфи Раҷабӣ, Абдухолиқи Набавӣ ва… метавон ёд кард.
Солҳои 2006-2007 (бо таҳрир ва таҷдиди назар)
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ СУХАН ВА
5
ОСОРИ СУХАНВАРОН ДАР ХУҶАНД
Айёми пурихтилоф ва пурҳаводиси қарни ХХ ба тафаккури бадеии суханварон низ таъсиргузор буд. Инқилоби Октябр ва ба сари ҳокимият омадани шўравиҳо, маъракаҳои фаранҷипартоии занон, ташкили рабфаку колхозҳо, заводу фабрикаҳо, нақшаҳои панҷсолаву ҳафтсола, рушди васоити нави техникӣ, парвози инсон ба кайҳон, фалаҷ шудани сохтори шўравӣ ва пош хўрдани он, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ташаккули ҷумҳурии тозаистиқлол – марҳалаҳои муҳимтарини таърихи садаи охирини ҳазораи мозӣ буданд, ки дарунмояи адабиёти ин замон бар онҳо устувор гардид.
Дар радифи адибони суннатгаро Тошхоҷаи Асирӣ, Фавзии Хуҷандӣ, Иффат, Файёзи Хуҷандӣ, ки дар оғози асри ХХ фаъолияти адабиашон идома дошт, дар ҳавзаи адабии Хуҷанд нависандагони навпардоз Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Аминзода ба кори эҷодӣ шурўъ карданд.
Як нукта мавриди таъкид аст, ки ҳавзаи адабии Хуҷанд
5 Мақолаи мазкур аз ду қисм иборат буда, қисми аввалин, ки то садаи ХХ - ро дар бар мегирад, аз ҷониби профессор Абдулманнони Насриддин навишта шудааст. Шакли комили он дар маҷаллаи «Паёми Суғд» ба табъ расидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо