Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Набавӣ дар таҳқиқи вежагиҳои ин давра бештар ба маводи назарӣ мутаваҷҷеҳ аст.
Ба ин тартиб, ҳар ду пажўҳанда роҳу равиши хосаеро дар арзишдоварии сухансанҷии як давраи муассир баргузида, ки бешубҳа ба таҳқиқ ва таълифи ҷомеи таърихи адабиёт ва нақду адабиётшиносии тоҷикии садаи бист мусоидат хоҳад кард. Тафовути умдаи пажўҳиши А. Набавӣ аз рисолаи М.
Раҷабӣ дар он аст, ки таълифоти сухансанҷии як тан аз шахсияти муҳими нимаи аввали садаи бист, арзиш ва аҳамияти пажўҳишҳои забон ва адабиётшиносии Нарзуллоҳи Бектошро асоси бозҷустҳо қарор дода ва, ба ҳамин васила, манзараи таҳаввули як бахши муҳими илмро ба намоиш овардааст.
М. Раҷабӣ махсусан мушкилоти таҳаввули чанд даҳсолаи садаи бистумро ба таҳқиқ гирифта, таълифоти А. Набавӣ марбут ба шинохти афкори як нафар ноқид ва адабиётшиноси тоҷик аст, ки ба ин васила низ манзараи куллии сухансанҷии солҳои 20-30-юми садаи бист пеш меояд.
Ҳамин тавр, ин нукта низ маҷмўан дар муайян кардани қонунияти умумии таҳаввули нақду суханшиносӣ бетаъсир нест, ки дар таълифоти имрўз гоҳе ду ҷанбаи таҳқиқ ба ҳам омезиш меёбанд, гоҳе ин ду дар алоҳидагӣ як ҷанба шинохта ва муаррифӣ мешаванд. Ин ҳол аз ҳар ҷиҳат равандҳои шинохти падидаҳои марбут ба таҷдиди назарро дар шинохти адабиёт таъйин мекунад.
Дар ин чанд соли ахир шеваи бархурди пажўҳандагон низ мухталиф буд. Масалан, академик М. Шакурӣ бо назардошти асосҳои маънавии ҳастии ҷомеа ба пажўҳиши масоили таърихи адабиёт ва нақди рўзгор, осор ва мақоми шахсиятҳои он пардохт. Ин ҳол бештар дар зимни нигаришоти маънавиятгароии мавсуф низ қобили мулоҳиза мебошад.
Ба назари мо, агар ду масъала мавриди ташхиси ҷиддии илмӣ қарор гирад, чигунагии махсусияти афкори илмии адабӣ ва бозҷустҳои адабиётшиносии ду даҳсолаи охир дар фосилаи ду садаи бузург – садаи бист ва бисту як бозтоби айнии худро хоҳад ёфт:
Яке, таъйини моҳият ва вежагиҳои таҷдиди назар ба осори адабӣ ва арзишҳои умдаи он; Дигаре, шинохти пояҳо ва ҷараёни илми адабиётшиносии тоҷик дар давраи муосир.

пешина
аз 500
навбатӣ