Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба назари мо, ҳамин ду ҷанбаи фарогирии масъала меъёри нигариш ва таҳқиқро дар бар мегирад. А. Набавӣ дар пешгуфтори китоби марбут ба Бектош рисолаи М. Раҷабиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки бешубҳа арзиши назарии қобили таваҷҷўҳе дорад. Ин шеваи таҳқиқ аз диди тозаназарӣ дар маҷмўи пажўҳишҳои беш аз бистсолаи таърихи адабиёти даврони шўравӣ дорои арзиш ва аҳамият аст.
Нуктаи қобили баррасии дигар дар муқаддимаи рисолаи А. Набавӣ нақди вежаи назарот ва шеваи таҳқиқи М. Раҷабӣ дар мавриди асосҳои назарӣ ва эстетикии адабиёти солҳои 20-50-уми садаи бист мебошад. Аз диди мо, мушкилоти интихоби унвон ё мафҳуму таъбирҳои илмӣ барои ифодаи матлаб асли масъаларо дугуна ё чандгуна ба назар меоварад ва ҳар нафари муҳаққиқро сари андешаҳои гуногун қарор медиҳад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, гузориши матлаб дар унвони рисолаи М. Раҷабӣ мавриди пурсиши паёпаи А. Набавӣ қарор гирифтааст: «Агар мақсад аз рисолаи ў (М. Раҷабӣ – М. М., С. А.) мавод тайёр кардан ва ё усули таҳқиқ ёфтан барои навиштани таърихи адабиёт бошад, пас таърихи нақду адабиётшиносӣ чун шохаи илм чӣ мақоме дар он дошта метавонад ва унвони рисола ба чӣ маънист? Агар мақсади асосии ин тадқиқот равшан кардани «асосҳои назарӣ (яъне чӣ – А. Н.) ва эстетикии адабиёти солҳои 1920-1954» бошад, пас чаро ҳамин тавр номгузорӣ намешавад?»
Ҳадаф аз таълифи «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ»
шарҳу тафсири «асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920-1954» ба шумор меравад.
Воқеан ин ҷо ду самти эҷодӣ ба ҳам омадааст: Яке, таърихи адабиёт ва дигаре, таърихи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ.
Дар рисола ба сифати маводи аслӣ ва аввал дар роҳи офаридани таърихи афкори сухансанҷӣ осори адабӣ ва, сипас, бевосита маводи нақду адабиётшиносӣ ба кор рафтааст. Аммо А.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо