Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Китоби «Адабиёти тоҷик дар садаи бист»-и Х. Асозодаро А. Набавӣ дар сатҳи «аввалин кўшиши ҷамъбаст ва аз нав ба тартиб даровардани адабиёти як аср» доварӣ карда, ки дуруст ба назар мерасад: «Онро чун кўшиши аввал дастгирӣ метавон кард, вале ҳис мешавад, ки чунин як кори бузурги тасниф кардани таърихи адабиёти як асри ҳоло ба куллӣ ба ҳукми таърих надаромада барои як кас гаронӣ мекунад» (Нашри такмилаи китоби мазкури шодравон Х. Асозода таҳти унвони «Таърихи адабиёти навини Тоҷикистон» дар соли 2014 сурат гирифт. Дар мавриди ин китоб, ҳамзамон таълифоти дигар дар ин замина, аз ҷумла китобҳои М. Шакурӣ «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006), А. Шеърдўст «Таърихи адабиёти навини Тоҷикистон» (1390) ба таври ҷудогона метавон изҳори назар кард).
Бархе аз муҳаққиқони таърихи адабиёти садаи бист ба ҷустуҷўи арзишҳои ғоявию эстетикии ин давра аз пасманзари таърихи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (нақди нақд) таваҷҷўҳ карданд. Ба ин маънӣ, аввалин маротиба ба «Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии солҳои 20-50-уми садаи бист»
ва махсусияти таърихи афкори илмии ин давра таваҷҷўҳи хоса сурат гирифт. Манзури мо рисолаи шодравон Маъруф Раҷабӣ «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ» (1997) аст, ки яке аз нахустин дастовардҳои илмӣ дар заминаи навназарӣ ба таърихи адабиёт ва, дар айни замон, таърихи шаклгирии афкори адабӣ ва интиқодӣ дар як давраи муайяни садаи бист ба шумор меравад. Рисола аз назари таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни афкори адабии давраи шўравӣ пажўҳиши ҷолиб ва арзишманде мебошад.
Пажўҳанда ба баррасии таърихи адабиётшиносии ин замон ба сифати марҳалаи тозаи андеша ва ҷусторҳои илмӣ пардохтанӣ шудааст, ки дар ҳар сурат ба баҳсу баррасии амиқ ниёз дорад.
Дар рисолаи М. Раҷабӣ ду ҷанбаи масъала андешабарангез аст. Аввалан, мутолиаи таърихи адабиёти шўравии тоҷик дар партави ҷараёни шаклгирии нақди адабиву адабиётшиносӣ таҳти таъсир ва ангезаи дастурҳои расмии сиёсӣ ба адабиёт ва нақд; сониян, ба василаи ҳамин гуна мутолиаи таърихи адабиёт равшан кардани чигунагии афкори адабӣ ва ноқидӣ бо назардошти таъсири шигарфи омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ.

пешина
аз 500
навбатӣ