Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷа, бо ин асар «давраи севуми фаҳмиши таърихи адабиёт» бояд оғоз мегардид. Ҳамин гуна бознигарӣ ба моҳияти давраҳои мухталифи таърихи адабиёти шўравӣ буд, ки минбаъд низ дар ҷодаи дарку кашфи нисбатан воқеиву айнии маърифати адабӣ як андоза фазои мусоиде фароҳам омад.
Аммо тарҳи нави даҳҷилдаи таърихи адабиёти тоҷикро низ консепсияпардозон аллакай ба таҷдиди назар ниёзманд ба шумор оварданд. Ин дар ҳоле аст, ки нашри комили таърихи шашҷилдаи адабиёти шўравӣ анҷом наёфта буд. Тарҳи нави даҳҷилда аз ин сабаб баҳсангез боқӣ монд, ки бояд танҳо шаш ҷилд ба таърихи беш аз сеҳазорсолаи адабиёти форсии тоҷикӣ ва, хоса чаҳор ҷилд ба адабиёти давраи шўравӣ бахшида мешуд. Дар ҳоле ки марҳалаи шўравӣ фосилаи ҳафтодсоларо дар бар мегирифт ва боқӣ муаррифии беш сӣ асри адабиёти бузурги форсии тоҷикӣ танҳо дар перомуни шаш ҷилд ҷой дода мешуд. Дар мавриди чунин ихтилофи китоби таърихи адабиёт пажўҳандагон ишораҳои муҳиме карданд.
Дар чунин марҳалаи ҳассоси шинохти таърихи адабиёти тоҷик ва мунозираҳои марбут ба ҳаллу фасли масъала, албатта ин нукта низ дар назар бояд бошад, ки ибтикори илмӣ, хоса сари масоили умдае аз қабили тозаназарӣ ва ба усули навине баррасӣ кардани таърихи адабиёт бе мубоҳисаи ҷиддиву шадид ва «бе бархўрди тезу тунди ақидаҳо имкон надошт» ва чунин иддао ҳам бечиз ва безамина набуд, ки «ҳеҷ як таърих таърихи мутлақи адабиёт нест. Он чи навишта мешавад, хоҳ нохоҳ минбаъд ба ислоҳ ва такмил ниёзманд хоҳад буд».
Дар ин чашмандоз масъалаи дигари муҳим пазируфтан ва ё инкори қонунмандии таҳаввули адабиёт аст. Бархе уламо иддаеро барои инкори кулли арзишҳои замони шўравӣ ва напазируфтани қонунмандии хоси таҳаввули он муҷрим медонист, бархе дигар тамоюли онро дошт, ки куллан ин адабиёт аз нав навишта шавад. Бархе сари ин мавқеъ қарор гирифтанд, ки дар мавриди қазовати масоили ин давраи инкишофи адабиёт бо эҳтиёти тамом, бо назардошти кулли вазъияти мушаххаси таърихӣ бояд муносибат кард.

пешина
аз 500
навбатӣ