Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Зеро, меъёри нигоҳи «сотсиологизми вулгар» дар шинохти таърихи адабиёти шўравӣ дигар камарзиш ба назар расид, ин натиҷа дорои аҳамият гардид, ки «барои пажўҳиш роҳу равиши тозаеро бояд пеш гирифт, фаҳмиши тозаи масъалаҳоро пайдо кард».
Аз ин ҷиҳат, хеле муҳим ва ҷолиб аст, ки усул ва мабонии тозаназарӣ дар замони бозсозии даҳаи ҳаштодум нисбат ба давраи гузашта – таҷдиди равандҳои иҷтимоӣ дар нимаи даҳаи 50-уми садаи бист рангу равиши густурдатаре пайдо кард. Бино ба ақидаи М. Шакурӣ усул ва нигариши боз ҳам ҷадид ба таърихи адабиёт дар охири солҳои 80-ум аз пажўҳишҳои адабиётшинос Маъруф Раҷабӣ, хоса рисолаи «Насри тоҷикии замони ҷанг. Таҳаввули поэтика» (1990) оғоз мешавад (дар ин маврид ниг.: ба сарсухани М. Шакурӣ ба китоби М. Раҷабӣ. Сотим Улуғзода абармарди набард ва андеша.–Душанбе, 2005).
Назарияпардозони консепсияи нави пажўҳиши таърихи адабиёти шўравӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки дар робита ба тақозои равандҳои тозаи ҷомеаи муосир он навназарие, ки дар «Очерки таърихи адабиёти тоҷик» ва «Таърихи адабиёти советии тоҷик» рўи кор омадааст, бояд ҳамаҷониба такмил ёбад.
Яке аз чораҳои судманд дар ин роҳ таъйини моҳияти аслии истилоҳи «фаҳмиши тоза» аст. «Фаҳмиши тоза бо равнақи бадеиятшиносӣ, бо амиқбурди поэтикапажўҳии жанрҳову сабкҳо ва осори алоҳида, бо таҳқиқи сарнавишти анъанаҳои миллии адабӣ, вежагиҳои гироишҳои нав ва муносибати онҳо бо анъанаҳо, хусусияти миллии навангезиҳои адабӣ ва монанди инҳо шакл хоҳад гирифт». Дар ин таърифот асли навназарӣ ва дурнамои баъдии он нақш ёфтаанд.
Паёмади дигари баҳсҳои марбут ба навназарӣ дар адабиётшиносии тоҷик ба миён омадани тарҳи (лоиҳаи) нави таърихи адабиёти тоҷик аз даврони бостон то имрўз дар даҳ ҷилд аст, ки чаҳор ҷилди он мебоист ба мушаххасоти адабиёти тоҷикии аҳди шўравӣ бахшида шаванд. Ин лоиҳа дар ҷаласаи зикршуда мавриди мубоҳисаву муҳокимаи мутахассисон қарор гирифт, ки на танҳо ба шумули шакл ва фаровонии мавод, балки аз лиҳози меъёри баҳо ва савияи таҳқиқи илмӣ низ ҳосили чашмандози давраи тафаккури нав дар ҷомеаи шўравӣ ба шумор мерафт ва то ҷое ба дастовардҳои ин давра посух медод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо