Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Академик Муҳаммадҷони Шакурӣ (Шукуров) яке аз нахустин мубтакиронест, ки бо таъсири ғояҳои дигаргуниҳои замони бозсозӣ дар маркази кишвари шўравӣ ҳар чи бештар масъалаи моҳият ва меъёрҳои навини таҳқиқ ва тарзу тариқи тозаи баррасии таърихи адабиёти шўравиро асоси ҷусторҳои илмӣ қарор дода, дар ин замина назариёти ҷолиби тавваҷҷўҳе эълом дошт.
Дар чашмандози мазкур ба бархе аз саҳифаҳои муҳим ва омўзандаи нигориши таърихи адабиёт дар замони шўравӣ ва арзиши бархе тозаназариҳо дар чунин китобҳо низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардидааст. Албатта, таърихномаҳои адабиёти муосир ба сифати пажўҳишҳои муҳим дар замонашон аз арзиши муҳим бархурдор буданд. М. Шакурӣ дар тағйири консепсия ва пиндоштҳои адабиётшиносии навин ва роҳу самтҳои рушди афкори адабӣ бо назардошти ҳудуди муайяни таърихӣ назар кардааст. Оғози ин падида ба давраи баргузории анҷумани бистуми ҳизб (1956) ва падид омадани китоби дуҷилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (1956-1957) рост меояд. Аз ин дид, китоби мазкур яке аз намунаҳои барҷастаи зуҳуроти навназарӣ дар қолаби нақди шўравии он замон арзёбӣ шудааст.
Ба вуҷуд омадани китоби шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ки ду ҷилдаш нашр нашудааст) дастоварди муҳиме дар илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик мебошад, ки дар амри баҳо додан ба мушаххасоти адабиёти навин, жанр ва сабкҳои осори адабии муосир дар марҳалаҳои ҷудогонаи он, таъйини арзиши осори ҷудогона ва вежагиҳои адабиву ҳунарии насру назми муосири тоҷик хеле судманд буда, маҳаки арзёбии адабӣ аз меъёрҳои қаблии баҳодиҳӣ тафовут дошта, бо назари тоза таълиф шудааст.
Мусалламан ин китоб ҳам дертар таърихи нокомил ба шумор омад, афзун бар ин, бархе ҷилдҳо нопайдарҳам ба нашр расида ва ҷилди нахустин, пас чанд ҷилди он танҳо соли 1987 дастраси алоқамандон гардид. Равшан шуд, ки ҷилдҳои мунташиршуда бо ҳама арзиш ва мабонии таҳқиқ ба тақозои давраи нави дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ пурра ҷавобгўй нестанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо